Боз як баҳс барои тақдими хона ба зодаи Тоҷикистон дар Русия

Тақдими хона ба як оилаи дигари тоҷик дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов, ки шаҳрвандии Русияро дорад, бори дигар баҳси тақдими хона ба “муҳоҷирони шаҳрвандигирифта”-ро доғ кард. Ин дуввумин ҳодисаест, ки тақдими манзили истиқоматӣ ба зодагони Тоҷикистон дар Русия баҳсбарангез мешавад. Аввали моҳи январ дар шаҳри Митиши ба Таҳмина Самадова хона доданд, аммо дар пайи фишори […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Тақдими хона ба як оилаи дигари тоҷик дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов, ки шаҳрвандии Русияро дорад, бори дигар баҳси тақдими хона ба “муҳоҷирони шаҳрвандигирифта”-ро доғ кард.

Ин дуввумин ҳодисаест, ки тақдими манзили истиқоматӣ ба зодагони Тоҷикистон дар Русия баҳсбарангез мешавад. Аввали моҳи январ дар шаҳри Митиши ба Таҳмина Самадова хона доданд, аммо дар пайи фишори ҷомеа ва миллатгароҳо онро дубора гирифта, нисбати ин зодаи Тоҷикистон парванда боз карданд.

Оилаи Мирсаидовҳо, ки соҳиби 4 фарзанданд, беш аз 10 сол пеш ба Русия рафта, чанде пеш бар асоси барномаи давлатӣ, соҳиби хона шудааст. Дар пайи нашри ин хабар, намояндагони гурӯҳҳои миллатгарои Русия дар гурӯҳҳои Телеграм навиштаанд, ки дар ин шаҳр “ҳадди аққал 20 хонаводаи камбизоат ҳастанд, ки ҳар кадом соҳиби 10-13 фарзанд мебошанд, аммо муҳоҷире, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро гирифтааст, соҳиби хона гардидааст”.

Ба иттилои ҳукумати маҳаллӣ, хонаводаи Масаидовҳо, ки чаҳор фарзандро тарбия мекунанд, тамоми меъёрҳои гирифтани шаҳодатномаро пурра иҷро кардаанд. Мақомот таъкид кардаанд, ки ҳеҷ асосе барои рад кардани ин ҳақи онҳо вуҷуд надорад. Гуфта мешавад, ки Акрам Масаидов 32-сола буда, соли 2014 ба Русия рафтааст.

Аммо гурӯҳҳои миллатгарои Русия навиштаанд, Акрам Масаидов аз соли 2019 барои гирифтани шаҳодатномаи манзил барои оилаҳои камбизоат дар навбат будааст. Ҳамагӣ 67 хонаводаҳои камбизоат барои гирифтани манзил худро сабт кардаанд ва Акрам дар ин рӯйхат дар ҷойи 59-ум қарор доштааст.

Ин тасмим дар миёни сокинони маҳаллӣ низ вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Онҳо эътироз кардаанд, ки “чаро ба номзаде, ки бумии Русия нест дар навбати аввал манзил додаанд” ва онҳо, ки “даҳсолаҳо мешавад, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, дар интизори навбат ҳастанд”.

Ҳоло маълум нест, ки тақдири оилаи Акрам Масаидовҳо баъди фишори ҷомеа  ва гуруҳҳои миллатгароҳои Русия бо чӣ меанҷомад.

Бояд гуфт, ки дар соли ҷорӣ маротибаи дуввум аст, ки тақдими манзили истиқоматӣ ба зодагони Тоҷикистон дар Русия баҳсбарангез мешавад. Аввали моҳи январ дар шаҳри Митиши, наздикии Маскав, ба Таҳмина Самадова, хонаводаи дигари зодаи Тоҷикистон сертификати манзили арзишаш 24 миллион рублро тақдим карданд. Ин хонавода соҳиби 7 фарзанд буданд, ки шиносномаи Русияро доштанд.

Баъдан мақомоти Русия дар пайи фишори ҷомеа ва миллатгароҳо хонаи истиқоматиро аз хонаводаи Таҳмина Самадова ва ҳамсараш Рамазон Раҳимов гирифта, онҳоро ба тақаллубкорӣ муттаҳам карданд.

Мақомот охири моҳи январ Таҳмина Самадоваро боздошт карданд, аммо баъдтар бо шарти тарк накарданим ҷойи истиқомат озод намуданд. Дар пайванд ба ин ҳодиса муовини раиси шаҳри Митиши низ дастгир шуд. Ӯ ба ин айбдор шудааст, ки дар раванди тасдиқ маълумот дар бораи даромад ва аъзоёни оилаи зодаи Тоҷикистонро дуруст насанҷидааст. Гӯё Самадова даромади шавҳарашро кам нишон додааст.

Мувоффиқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия танҳо дар соли 2023 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Коршиносон ба ин назаранд, ки доштани шиносномаи Русия барои муҳоҷирон кафолати таъмини саддарсадаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ин кишвар нест. Мақомоти ин кишвар ҳар лаҳза метавонанд бо баҳонаи кӯчак шиносномаи зодаи дигар кишварҳоро бекор кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.