Марги як зани роҳрӯб дар Душанбе дар пайи садамаи нақлиётӣ

Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 2 март ронандаи автомобили Toyota Estima А.М.-и 69-сола зани 54-солаи корманди Хоҷагии манзилию коммуналӣ Идимоҳ Ятимоваро, ки аз роҳ мегузашт, бо мошинаш пахш кард. Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ин ҳодиса тахминан соатҳои 20:30 дақиқа ҳангоми ҳаракати автомашина аз кӯчаи Бухоро ба самти хиёбони Рӯдакӣ дар рӯбарӯи тарабхонаи “Антепхан” […]

Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 2 март ронандаи автомобили Toyota Estima А.М.-и 69-сола зани 54-солаи корманди Хоҷагии манзилию коммуналӣ Идимоҳ Ятимоваро, ки аз роҳ мегузашт, бо мошинаш пахш кард.

Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ин ҳодиса тахминан соатҳои 20:30 дақиқа ҳангоми ҳаракати автомашина аз кӯчаи Бухоро ба самти хиёбони Рӯдакӣ дар рӯбарӯи тарабхонаи “Антепхан” рух додааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагард Ятимова ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз тарафи худи ронанда ба беморхона оварда мешавад, вале худи ҳамон рӯз дар беморхона ба ҳалокат  расидааст.

Таъкид мешавад, ки айни замон ҷиҳати муайян кардани сабабу ҳолатҳои ин ҳодиса тафтишот ҷараён дорад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар Тоҷикистон Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025-2035 таҳия мешавад. Ин санад бо ҳадафи коҳиши ҳодисаҳои фавт ва ҷароҳат бардоштани аҳолӣ дар пайи садамаҳои нақлиёт таҳия мешавад.

Намояндагони Вазоратҳои нақлиёт, адлия, корҳои  дохилӣ, тандурустӣ, ва Бонки миллӣ дар як ҳамоиш дар Душанбе таҳияи ин ҳуҷҷатро баррасӣ кардаанд. Масъулин атрофи вазъи кунунии бехатарии ҳаракат дар  роҳҳо, мушкилоти асосӣ, суғуртаи ҳатмии мошин гуфтугӯ карда, масъалаҳои инфрасохтори бехатарии роҳ, суръати ҳаракат дар роҳ ва амалҳо пас  аз ҳодисаҳои садамавии роҳу нақлиёт баррасӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 1 ҳазору 233 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 552 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бароштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.