Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз

Садҳо донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров барои таҷлили ҷашни асосии Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ба роҳпаймоӣ ё “маршировка” ҷалб шудаанд. Ин бар хилофи таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки гуфта буд, хонандагонро ба пешвозгирии мансабдорони давлатӣ ва ба корҳои берун аз таҳсил набароранд. Чорабинии асосии ҷашни […]

Asia-Plus

Садҳо донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров барои таҷлили ҷашни асосии Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ба роҳпаймоӣ ё “маршировка” ҷалб шудаанд. Ин бар хилофи таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки гуфта буд, хонандагонро ба пешвозгирии мансабдорони давлатӣ ва ба корҳои берун аз таҳсил набароранд.

Чорабинии асосии ҷашни Наврӯз имсол, дар шаҳри Хуҷанд мегузарад, аммо санаи баргузории он дақиқ нест.

Дар назар аст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоёни худаш аз Қирғизистону Ӯзбекистон ширкат мекунад. Аз ин лиҳоз, барои пешвози меҳмонону баргузории ҷашн барои онҳо, дар Хуҷанд раҳпаймоӣ идома дорад.

Райҳпаймоӣ даҳсолаҳо ин ҷониб дар Тоҷикистон баргузор шуда, дар он асосан донишҷӯёну хонандагон ҷалб мешавад. Ин иқдом ҳамеша аз сӯйи ҷомеа интиқод шудааст.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо аҳли маориф дар Рӯзи дониш аз ҷалби хонандагону донишҷӯён ба корҳои берун аз таҳсил, аз ҷумла тамринҳои идона ва бурдани донишҷӯёну хонандагон ба пешвозгирии мансабдорони давлатӣ интиқод кард.

“Дар шаҳру ноҳияҳо фалонча омадааст, тамоми мактабро бароварда қади роҳба рост кун. Ҳатто барои сафарҳои президент накунед ин корҳоро… Кӯдаконро мебароред дар сари роҳ рост мемонед, чӣ гуноҳ доранд бечораҳо. Чӣ, президент надидааст кӯдаку хонандаро. Соатҳои дароз, дар ҳавои хунук, шамол, барф, борон. Бо ҳамин зоҳирпарастӣ мекунед, ба чашми президент хок пошиданӣ мешавед. Ман ин корро манъ кардам, боз мебинам. Накунед ин корро!”, – гуфта буд.

Вале бар хилофи таъкиди раиси ҷумҳур, имсол низ донишҷӯёни чанд  донишгоҳи шаҳри Хуҷанд шурӯъ аз нимаҳои моҳи феврал барои таҷлили ҷашни Наврӯз ба корҳои берун аз дарсӣ ҷалб шудаанд.

Чанде аз донишҷӯёни ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров бидуни зикри ном гуфтанд, ки онҳоро маҷбуран барои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ба тамрин мебаранд ва “танҳо духтарони навхонадор озоданд”.

 

Аз Вазорати фарҳанги кишвар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, онҳо барои таъмини гурӯҳҳои ҳунарӣ масъуланд ва ҷалби донишҷӯёнро ба раҳпаймоӣ шарҳ надоданд.

Аз Раёсати маорифи вилоят гуфтанд, дар ин бора бидуни иҷозатномаи ҳукумат иттилоъ намедиҳанд.

“Аввал аз ҳукумати вилоят иҷоза гиред ва баъд чанд соат хоҳед бо шумо суҳбат мекунем”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, “ин гапҳоро гуфтан мумкин нест, баъзе масъалаҳои амниятӣ ҳастанд, ки гуфтанашон мумкин нест” ва гӯширо хомӯш карданд.

Аммо ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс” беш аз 14 ҳазор донишҷӯ ва хонандагони макотиби миёнаву олии Хуҷанд ба раҳпаймоӣ ҷалб шудаанд.

Баҳси ҷалби донишҷӯён ба тамринҳои идона ва пешвозгирии раисҷумҳур, вазирону раисон чандин сол аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Донишҷӯёну хонандагон ҳар сол даъво мекунанд, ки онҳоро иҷборан ба тамрин мебаранд ва дар ҳолати саркашӣ кардан, бо хориҷ кардан аз донишгоҳу мушкил дар супоридани санҷишу имтиҳонот таҳдид мекунанд. Масъулини Вазорати маориф бошад, ҷалби донишҷӯён ба “маршировка”-ро амали маъмулӣ ва афзояндаи ҳисси ватандӯстии ҷавонон меҳисобанд. Аз ҷумла, Имомзода Муҳаммадюсуф вазири пешини маориф кишвар гуфта буд, ки “аз як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозед”.

Дар мавриди ҳуқуқҳои донишҷӯёну хонандагон барои иштирок дар тамринҳои идона дар маводи Азия-Плюс: Маршировкаҳо дар Тоҷикистон: агар донишҷӯён ба машқҳо маҷбурӣ ҷалб шаванд, чӣ кор карда метавонанд? мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио