Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон

Пулиси Душанбе се ҷавонро дастгир кардааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод, худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул гирифтаанд. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт навиштааст, З.У., А.Ё. ва М. М. бо роҳи зӯроварӣ аз як шаҳрванд 9 ҳазор сомонӣ ва аз нафари дигар 2 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, онҳоро латукӯб кардаанд. […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Пулиси Душанбе се ҷавонро дастгир кардааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод, худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул гирифтаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт навиштааст, З.У., А.Ё. ва М. М. бо роҳи зӯроварӣ аз як шаҳрванд 9 ҳазор сомонӣ ва аз нафари дигар 2 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, онҳоро латукӯб кардаанд.

Ҳамаи онҳо дар пайи шикояти сокинони ҷабрдида муайян ва боздошт шудаанд.

Назари худи боздоштшудаҳо дар робита ба ин ҳодиса маълум нест.

Мақомот мегӯянд, алайҳи ин нафарон бо иттиҳоми “ғоратгарӣ” (моддаи 248 КҶ) парванда оғоз гардидааст.  Ҳарсеи онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доштааанд.

Бар асоси ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо аз се то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад. 

Бояд зикр кард, ки қаблан низ кормандони мақомоти милитсия аз боздошти се нафар хабар дода буданд, ки номбурдагон худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо ҳар баҳона аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ талаб карда мегирифтаанд.

Аз ҷумла, онҳо аз як нафар ҷавони сокини пойтахт бо далелҳои сохта, барои аз ҷавобгарӣ озод намудан 10-ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд, ки зимни гирифтани 4900-доллар кормандони милитсия онҳоро дастгир намудаанд.

Аммо бо гузашти қариб ним сол аз ин ҳодиса, тақдири боздоштшудагон маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.