Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст

Имсол моҳи шарифи Рамазон ба эҳтимоли зиёд 29 рӯзро дар бар мегирад ва 30-юми март иди Фитр таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи панҷанбеи 27-уми март ҷаласа баргузор карда, дар мавриди иди Фитр қарори ниҳоӣ қабул мекунад. “Азбаски […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имсол моҳи шарифи Рамазон ба эҳтимоли зиёд 29 рӯзро дар бар мегирад ва 30-юми март иди Фитр таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи панҷанбеи 27-уми март ҷаласа баргузор карда, дар мавриди иди Фитр қарори ниҳоӣ қабул мекунад.

“Азбаски моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон имсол 30 рӯз буданд, ба эҳтимоли зиёд, моҳи Рамазон 29 рӯзро дарбар мегирад. Ҳамаи кишварҳои минтақа, кишвари Русия, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои мусулмоннишин айни ҳол ҳамин мавқеъро доранд”, – гуфтанд аз ин Кумита.

Таъкид карданд, ки хулосаи ниҳоӣ бо такя ба нишондоди Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бароварда шуда, аз нигоҳи дини мубини Ислом ҳам қобили қабул аст.

Ба гуфтаи манъулини Кумита, “Паёмбар (с) ҳамагӣ дар умрашон 10 сол рӯза гирифтанд, ки 6 солаш Рамазон 29 рӯзу 4 солаш 30 рӯз будаст”

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд: “Чанд соле, ки ҳамроҳи Пайғамбар (с) рӯза доштем, рӯзаи 29-рӯзаамон аз рӯзаи 30 рӯзаамон бештар буд” (Ривояти Абӯдовуд).

Ёдовар мешавем, ки моҳи Рамазон расман 1-уми март оғоз шуда буд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.