Оғози моҳи Рамазон расман эълон шуд

Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон расман 11-уми март оғоз шуда, сокинон то 9-уми апрел рӯза хоҳанд дошт. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар дода, тақвими моҳи Рамазонро низ нашр кардааст. Ба иттилои манбаъ, Шӯрои уламои кишвар дар асоси пешниҳоди хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарор қабул кард. Ҳамчунин, […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон расман 11-уми март оғоз шуда, сокинон то 9-уми апрел рӯза хоҳанд дошт. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар дода, тақвими моҳи Рамазонро низ нашр кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Шӯрои уламои кишвар дар асоси пешниҳоди хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарор қабул кард. Ҳамчунин, тақвими моҳи шарифи Рамазон ҳам омода ва нашр шудааст.

Тибқи қарори Шӯрои уламо имсол фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 35 ҳазору 275 сомонӣ, ки аз ин маблағ 880 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шаёхи фонӣ ё бемороне, ки умеди беҳбудӣ надоранд) ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 14 сомонӣ) муайян гардидааст.

Соли гузашта, моҳи Рамазон 20-уми март оғоз гардида, 21-уми апрел Иди Рамазон таҷлил гардида буд. Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад.

Соли гузашта, фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 32 ҳазор сомонӣ 800 сомонӣ закот ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз буд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио