Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон

Имрӯз, 25-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат бо Асад Маҷид Хон, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот кард. Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, зимни мулоқот раиси ҷумҳур гуфтааст, “Тоҷикистон узви фаъоли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои аъзои он мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи мо қарор дорад”. […]

Asia-Plus

Имрӯз, 25-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат бо Асад Маҷид Хон, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот кард.

Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, зимни мулоқот раиси ҷумҳур гуфтааст, “Тоҷикистон узви фаъоли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои аъзои он мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи мо қарор дорад”.

“Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёту комуникатсия, энергетика, саноат ва кишоварзӣ дар чорчӯби Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, – навишт манбаъ.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот оид ба татбиқи самараноки Стратегияи “Чашмандоз – 2025” ва таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақа ба истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда, рушди иқтисоди “сабз”, масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиши офатҳои табиӣ табодули афкор сурат гирифтааст.

“Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ ва арсаҳои гуногуни гуманитариву фарҳангӣ, бахусус илму маориф низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд”, – зикр мешавад дар хабари дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Бояд гуфт, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ як ниҳоди минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод мебошад, ки дар соли 1985 таъсис ёфтааст ва Тоҷикистон аз соли 1992 узви он мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.