Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид

Гела Шакиладзе, сармураббии дастаи мунтахаби футболи кишвар барои бохт аз дастаи мунтахаби Белорус бо ҳисоби 0:5 аз мухлисон узр пурсид. Ӯ, ҳамчунин, аз ҳаводорони футболи тоҷик даъват кард, ки дар рақобат бо Тимори Шарқӣ мунтахаби кишварро дастгирӣ кунанд. “Пеш аз ҳама аз номи тамоми даста аз мухлисон ва ҷомеаи футболӣ барои натиҷаи вохӯрии рафиқона бо […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Гела Шакиладзе, сармураббии дастаи мунтахаби футболи кишвар барои бохт аз дастаи мунтахаби Белорус бо ҳисоби 0:5 аз мухлисон узр пурсид. Ӯ, ҳамчунин, аз ҳаводорони футболи тоҷик даъват кард, ки дар рақобат бо Тимори Шарқӣ мунтахаби кишварро дастгирӣ кунанд.

“Пеш аз ҳама аз номи тамоми даста аз мухлисон ва ҷомеаи футболӣ барои натиҷаи вохӯрии рафиқона бо мунтахаби Беларус узр мепурсам. Мутаассифона мо табъи онҳоро дар ҷашни Наврӯз хира кардем. Пеш аз ҳама, ин хатои бузурги ман аст, ки дастаро омода карда натавонистам. Мо ҳамагӣ 60 дақиқа футбол бозӣ кардем ва 30 дақиқаи охир комилан бозиро аз даст додем. Голҳои сардода натиҷаи хастагӣ ва хатоҳост, қувваи бачаҳо дар қисми дуюм тамом шуд. Мо аз рақобат бо Беларус таҷрибаи талх гирифтем, кӯшиш мекунем дар бозиҳои расмӣ чунин иштибоҳҳоро такрор накунем”, – гуфтааст Шакиладзе.

Сармураббии тими миллӣ дар мавриди бозӣ бо Тимори Шарқӣ ҳам назари худро баён доштааст:

“Дастаи Тимори Шарқӣ бо тими Беларус дар як сатҳ нест, аммо ин дафъа ҳамаи диққатамон дар майдон хоҳад буд. Ба мухлисон муроҷиат мекунам, ки дар чунин рӯзҳои душвор дастаро дастгирӣ кунанд. Тими миллии Тоҷикистон дастаи ҳамаи мост. Ҳоло мунтахаб ба дастгирии мухлисон эхтиёҷ дорад”, – изҳор доштааст мутахассиси гурҷӣ.

Бозии Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 соати 16:00 имрӯз дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад. Даромад ба ин бозӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.