Шаби 26 – 27-уми март “Шаби қадр” аст

“Шаби қадр” (Лайлат ал-Қадр) яке аз шабҳои муқаддас дар моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон ба шаби 26-27 март рост меояд. Дар ин бора аз Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Дар ин ниҳод гуфтанд, ки “Шаби қадр” барои мардуми мусалмон ҷойгоҳи баланд дошта, беҳтарин шаб барои ибодат мебошад ва дар он дуову ибодат зуд […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

“Шаби қадр” (Лайлат ал-Қадр) яке аз шабҳои муқаддас дар моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон ба шаби 26-27 март рост меояд. Дар ин бора аз Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки “Шаби қадр” барои мардуми мусалмон ҷойгоҳи баланд дошта, беҳтарин шаб барои ибодат мебошад ва дар он дуову ибодат зуд иҷобат меёбад.

Гуфта мешавад, ки дар ин шаб Қуръон ба Паёмбар Муҳаммад (с) нозил шуда буд. Дар сураи "Ал-Қадр" гуфта шудааст, ки ибодат дар ин шаб беҳтар аз ибодат дар ҳазор моҳ аст.

Дар ин шаб мусулмонон ибодати махсус мекунанд, намози шаб (таҳаҷҷуд) мехонанд, Қуръон тиловат мекунанд ва дуоҳои махсус мегӯянд. Инчунин, бисёриҳо тамоми шабро бедор мемонанд ва ба ибодат машғул мешаванд.

Аз Шӯрои уламо бо такя ба ояти Қуръон дар бораи “Шаби қадр” чунин гуфтанд:

“Мо ин (қуръон)-ро дар шаби қадр нозил фармудем ва ту чи донӣ, ки шаби қадр чист? Шаби қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рўҳ (ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст”.

Ин сураи қуръон бо номи “Ал-Қадр” номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои “Шаби қадр” нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагонаш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пӯшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад”.

Аксари олимони ислом бар он ақидаанд, ки шаби қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон (шабҳои 21, 23, 25, 27 ё 29) меояд. Бисёр мусулмонон шаби 27-уми Рамазонро ҳамчун шаби қадр қайд мекунанд, аммо дақиқан таърихи он маълум нест. Соли гузашта он ба шаби 17 ба 18-уми апрел дар рӯзи 27-уми моҳи Рамазон фаро расида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.