Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд

Садҳо ҳунарманду ҳунарпеша аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои ширкат дар чорабинии асосии ҷашни Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ба Тоҷикистон омадаанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Имсол чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд мегузарад ва дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоёни худаш аз […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Садҳо ҳунарманду ҳунарпеша аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои ширкат дар чорабинии асосии ҷашни Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ба Тоҷикистон омадаанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Имсол чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд мегузарад ва дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоёни худаш аз Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, рӯзҳои 23-24 март ҳайати ҳунармандону фарҳангиён ба шаҳри Ҳуҷанд омадаанд ва қарор аст дар ин чорабинӣ барномаҳои фарҳангӣ ва театрӣ иҷро кунанд.

“Ҳунармандон, овозхонон, раққосон ва тарроҳон аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон  айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд қарор доранд. То рӯзи ҷашни асосии Наврӯз онҳо тайёрӣ мебинанд ва барномаҳои фарҳангии худро иҷро мекунанд”, -гуфтанд дар вазорат.

Дар баробари ҳунармандон инчунин ризокорон (волонтёрон) аз ин кишварҳо низ ба Тоҷикистон омадаанд.

Манбаъ гуфт, ки ҳунармандон аз ансамблҳои фолклорӣ-этнографии “Камбаркам”,  “Маданият”, “Ханда”, “Ак-Ният”-и Қирғизистон дар ин чорабинӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Маълум нест, ки кадом ансамбл ва гурӯҳҳои эҷодӣ аз Ӯзбекистон дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд.

Ҳамчунин, дар ҳошияи ин ҷашн, тарроҳони ӯзбеку қирғиз колексияи либосҳои худро ба намоиш мегузоранд ва хӯрокҳои милли ин кишварҳо низ ба маъраз гузошта мешавад.

Санаи дақиқи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷҷанд бо ширкати се президент маълум нест. Вале садҳо донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров аз нимаи моҳи феврал боз барои таҷлили ҷашни асосии Наврӯз ба роҳпаймоӣ ё “маршировка” ҷалб шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин, баргузории нахустин нишасти сеҷонибаи раиси ҷумҳурҳои се кишвари ҳамсоя, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар назар аст.

Дар ин нишаст қарор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Жапаров созишномаи муштарак дар бораи пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро имзо кунанд.

Дар ҳамин ҳол, БДА дар вилояти Суғд хабар дод, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Суғд ва ташрифи раисони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон баъзе роҳҳои шаҳру навоҳии ин вилоят барои 4 рӯз- аз 29-уми март то 1-уми апрел баста мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.