Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе

Дар мусобиқаи 6-уми байналмилалии куштигирӣ дар Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” 108 варзишгар аз 25 кишвар иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи байналмилалии куштигирӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ додаанд. Мусобиқа дар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии пойтахт рӯзи 26-уми апрел баргузор мешавад. Дар мусобиқа 128 […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар мусобиқаи 6-уми байналмилалии куштигирӣ дар Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” 108 варзишгар аз 25 кишвар иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Дар ин бора аз Федератсияи байналмилалии куштигирӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ додаанд.

Мусобиқа дар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии пойтахт рӯзи 26-уми апрел баргузор мешавад. Дар мусобиқа 128 варзишгар дар вазнҳои аз 65 то 95 кило барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе вориди рақобат мешаванд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Кадом куштингирони тоҷик дар ин мусобиқа баромад мекунанд, маълум нест.

Дар мусобиқаи варзишгарон аз 25 кишвар – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Эрон, Ҳиндустон, Арманистон, Бангладеш, Белорусия, Булғористон, Олмон, Юнон, Миср, Молдова ва дигар давлатҳо ширкат мекунанд.

Ҷоизаи умумии мусобиқа 110 ҳазор доллар мебошад. Ғолибони мақоми аввал бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм 2 ҳазору 500 доллар қадрдонӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки мусобиқа бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушди варзиш, тарғиби солимгардонӣ миёни сокинони пойтахт баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур ҳар сол дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе баргузор мешавад. Соли гузашта дар ин мусобиқа 140 варзишгар аз 39 кишвар иштирок карданд. Аз Тоҷикистон 28 варзишгар баромад карданд.  Маблағи умумии ҷоиза 100 ҳазор долларро ташкил менамуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.