Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (Хочу жить) номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навиштааст, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”. Рӯйхате, ки ин тарҳ бо номи “Зархаридон аз Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия” нашр кард, ба эътирофи масъулини он, бо истифода […]

Asia-Plus

Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (Хочу жить) номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навиштааст, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Рӯйхате, ки ин тарҳ бо номи “Зархаридон аз Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия” нашр кард, ба эътирофи масъулини он, бо истифода аз “одамони худӣ” дар сафи артиши Русия таҳия шудааст.

Дар ин рӯйхат ишора мешавад, ки аз 931 зодаи Тоҷикистон то моҳи январи соли 2025-ум 196 нафар кушта шудаанд. Аз ҳама бештар дар соли 2024 – 147 кас.

“Фавтидагон аз 18 то 70-сола ҳастанд. Як нафар пас аз 7 рӯзи имзои шартнома кушта шудааст”, – зикр мекунад манбаъ.

Дар баробари ин, таъкид мешавад, ки аксари зодагони Тоҷикистон, ки алайҳи Украина меҷанганд, аз сӯйи мақомоти гуногуни Русия бо фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги онҳо дар муҳоҷират ба ҷанг ҷалб мешаванд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва ба такрор аз шаҳрвандонаш хост, дар ин ҷанг иштирок накунанд, зеро он паёмади ҳуқуқӣ дорад ва муҷозот хоҳанд шуд. Аммо дар бораи рӯйхати “Зархаридон аз Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия”-и тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам”-и Украина расман вокуниш накардааст.

Зикр кардан ба марид аст, ки қаблан Украинр номи шаҳрвандони Қазоқистон – 661 нафар (78 кас ҳалок шудаанд), Қирғизистон – 360 нафар (38 кас ҳалок шудаанд)-ро ҳам нашр карда буд. Дар бораи шаҳрвандони Ӯзбекистон маълумоти расмӣ нест.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ