Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд

Тоҷикистон ва Эрон мехоҳанд раводидро тавассути роҳҳои заминӣ барҳам дода, ҳамкорӣ дар самти амниятиро густариш диҳанд. Ин нукта дар доираи сафари вазири корҳои дохилаи Эрон ба Тоҷикистон ва  гуфтугӯи ӯ бо раисҷумҳур баррасӣ шудааст. Ду рӯзи охир, 22-23-юми апрел Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилаи Эрон бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар мулоқоти ӯ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Тоҷикистон ва Эрон мехоҳанд раводидро тавассути роҳҳои заминӣ барҳам дода, ҳамкорӣ дар самти амниятиро густариш диҳанд. Ин нукта дар доираи сафари вазири корҳои дохилаи Эрон ба Тоҷикистон ва  гуфтугӯи ӯ бо раисҷумҳур баррасӣ шудааст.

Ду рӯзи охир, 22-23-юми апрел Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилаи Эрон бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаи лағви раводид тавассути роҳҳои заминӣ байни ду кишвар баррасӣ гардидааст.

Дар ҳоле, ки хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар ин бора ҷузъиёт намедиҳад, расонаҳои эронӣ аз забони Искандар Муъминӣ навиштаанд, ки “тасмим гирифта шуд, ки дар қадами баъдӣ бо лағви раводид барои сафарҳои заминӣ шароити бароҳати сафар барои шаҳрвандони ду кишвар фароҳам шавад”.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки дар ин мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус, дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятӣ баррасӣ шудааст.

“Доир ба тавсиаи ҳамкорӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷиддии нигаронкунанда дар ҷаҳони имрӯза, шиддати рақобатҳои геосиёсӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир мубодилаи афкор анҷом дода шуд”, – навиштааст дафтари матбуот.

Дар ин гуфтугӯ таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар зоҳир гардидааст.

Дар пайи ин, миёни вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар ёддошти амниятӣ имзо шудааст, ки дар асоси он ҷонибҳо дар бахшҳои мубориза бо терроризми созмонёфта, қочоқи инсон, маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунанд.

Ин санадро Рамазон Раҳимзода, вазирии корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилаи Эрон рӯзи 22-юми апрел имзо кардаанд.

Искандар Муъминӣ зимни имзои он гуфтааст, ки “санаде, ки имрӯз ба имзо расид дар ростои сафари Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон буд, ки санади ниҳоӣ имзо шуда буд”.

“…бо иҷрои ин санади ҳамкорӣ мо шоҳиди амнияти бештар дар ҳарду кишвар хоҳем шуд. Чун мавзуъҳои муштаркаи зиёде дорем ба мисли тероризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфта, ки имрӯз ҷузъи ҷурмҳои минтақавӣ ва фаромарзӣ ҳастанд”,-иброз дошт Муъминӣ.

Рамазан Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо Искандар Муъминӣ, хостори табодули таҷриба ва дониш ва истифодаи бархе аз таҷҳизоти пулис шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон аз имзо шудани ёддошти амниятӣ то ба ҳол иттилоъ надодаанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Искандар Муминӣ рӯзи 23-юми апрел ҳамчунин, аз Академияи ВКД Тоҷикистон ва осорхонаи он, инчунин аз НБО “Норак”  боздид кардааст.

Дар як ҳафтаи охир ин дуюмин сафари мақомдори баландпояи Эрон ба Тоҷикистон аст. Рӯзҳои 15-17-уми апрел Алӣ Наҷафии Хушрудӣ, муовини аввали ноиби раиси ҷумҳури Эрон бо як ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон омад ва бо чанде аз мақомдорони Тоҷикистон, аз ҷумла, сарвазир дидору гуфтугӯ дошт.

Зимнан, Эмомалӣ Собирзода, вазири дифоъи Тоҷикистон низ рӯзҳои 14-16-уми апрел ба Эрон сафар кард. Ӯ дар доираи ин сафар бо чанд мансабдори баландпояи Эрон мулоқот анҷом дод.

Ёдрас мешавем, ки баъди сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ва ба имзо расидани 23 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф равобити ду кишвар ва сафарҳои мақоми баландпояи кишварҳо ба давлати ҳамдигар ба маротиб афзуд.

Ҳамчунин аввали соли 2025-ум Тоҷикистону Эрон низоми раводидро барои сафари ҳавоӣ ба кишварҳои якдигар пурра лағв карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.