Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд

Тоҷикистон ва Арманистон ба афзоиши гардиши молу маҳсулот дар соли 2024 ноил гардида бошанд ҳам, лекин ҳаҷми он ҷавобгӯи иқтидорҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар нест. Ин нукта дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар, ки чанде пеш дар Душанбе ба поён расид, зикр шуд. Ба иттилои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон ва Арманистон ба афзоиши гардиши молу маҳсулот дар соли 2024 ноил гардида бошанд ҳам, лекин ҳаҷми он ҷавобгӯи иқтидорҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар нест. Ин нукта дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар, ки чанде пеш дар Душанбе ба поён расид, зикр шуд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҷаласа таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва вазири иқтисоди Арманистон Геворг Папоян баргузор гардид.

Ҷонибҳо тадбирҳои минбаъдаро баҳри васеъ намудани рӯйхати додугирифти молу маҳсулот ва афзоши тиҷорати дуҷониба дар дурнамои наздик муайян карданд.

Имконоти таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, энергетика, саноат, нақлиёт, технологияҳои иттилотӣ ва бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин доир ба масоили марбут ба энергетикаи сабз бо шумули ташаббусҳои муштарак дар бахши срчашмаҳои таҷдидшавандаи энергия – сохтмони неругоҳҳои хурд ва миёнаи барқи обӣ, рушди энергетикаи офтобӣ аз ҳисоби ҷалби сармоягузориҳои мустақими дуҷониба табодули назар сурат гирифт.

Дар фарҷом ҷонибҳо Протоколи ҷаласаро ба имзо расонида, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва фаннӣ баён намуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Арманистон ҳамагӣ ҳудуди 1,3 млн долларро ташкил додааст, ки 91,7% зиёдтар нисбати ба соли пешин (с.2024) аст. Аз Тоҷикистон ба Арманистон ба маблағи 810,4 ҳазор доллар молу маҳсулот фиристода шуда, аз Арманистон ба Тоҷикистон ба маблағи 444,7 ҳазор доллар молу маҳсулот ворид шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.