Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд

Ҳудуди 100 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои ширкат дар гузашти (парад)-и ҳарбии 80-солагии Ҷашни Ғалаба, ки 9-уми майи соли 2025 дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод, аллакай як ротаи низомиёни тоҷик дар пойтахти Русия қарор доранд ва онҳо дар тамринҳои ҳамарӯза ҳамроҳ бо […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҳудуди 100 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои ширкат дар гузашти (парад)-и ҳарбии 80-солагии Ҷашни Ғалаба, ки 9-уми майи соли 2025 дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод, аллакай як ротаи низомиёни тоҷик дар пойтахти Русия қарор доранд ва онҳо дар тамринҳои ҳамарӯза ҳамроҳ бо воҳидҳои низомии дигар кишварҳо ширкат мекунад.

Дар роҳпаймоӣ, Тоҷикистонро ҳайати шахсии бригадаи десантчӣ-ҳамлагарони нерӯҳои зудамал намояндагӣ мекунанд.

Ин воҳид бахше аз Нерӯҳои дастҷамъии вокуниши зудамал ва Нерӯҳои дастҷамъии мустақаркунандаи сареъ дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мебошад.

Ба сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба, гуфта мешавад, ки 19 кишвар, аз ҷумла 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудаанд. Гуфта мешавад, ки то кунун 10 кишвар ширкаташро тасдиқ кардааст.

 

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ҳанӯз маълум нест

Дар поёни моҳи декабри соли гузашта, дар нишасти ғайрирасмии раҳбарони ИДМ Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки ин кишвар интизор дорад, ки воҳидҳои низомии кишварҳои ИДМ ва раҳбарони онҳо дар роҳпаймоии Ғалаба дар Маскав  ширкат мекунанд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ, Владимир Путин дар пайи дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон эълом карда буд, ки як воҳиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар паради рӯзи 9 май дар Маскав ширкат хоҳанд кард.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки худи Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлил ба ҷашни солгарди Ғалаба ба пойтахти Русия меояд.

Соли гузашта раҳбари Тоҷикистон бо даъвати Путин дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат карда буд.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар рӯйхати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон 290 собиқадорони ақибгоҳ қарор доранд.

Ҳар сол рӯзҳои 9 май ва 22 июн Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро қадрдонӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.