Нақшаи даъвати ҳарбии баҳорӣ пурра иҷро шудааст

Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбии баҳорӣ хабар дод. Ин ниҳод гуфт, нишондиҳандаи давъват дар як моҳ “пеш аз муҳлат” 100% иҷро шуд. Даъвати баҳорӣ дар кишвар 2 моҳ идома мекунад ва ҷавонони синни аз 18 то 27 сола ба артиш ҷалб мешаванд. Вазорати дифоъ гуфтаст, ки иҷрои пурраи даъвати ҳарбӣ пеш аз […]

Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбии баҳорӣ хабар дод. Ин ниҳод гуфт, нишондиҳандаи давъват дар як моҳ “пеш аз муҳлат” 100% иҷро шуд.

Даъвати баҳорӣ дар кишвар 2 моҳ идома мекунад ва ҷавонони синни аз 18 то 27 сола ба артиш ҷалб мешаванд.

Вазорати дифоъ гуфтаст, ки иҷрои пурраи даъвати ҳарбӣ пеш аз муҳлат “натиҷаи ҳамкории доимии мақомот бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳшӯроҳо ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо мебошад”.

Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Қаблан, Вазорати мудофиа хабар дода буд, ки дар 10 рӯзи маъракаи даъват он 80% иҷро шудааст.

Аз ин пештар, ВМКБ, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш хабар дода буданд.

Мавсими баҳории даъват ба артиш дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз шуд ва он то охири моҳи май давом мекунад. Имсол тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27 сола (солҳои таваллуди 1998-2007) ба артиш ҷалб мешаванд.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар ҷараёни маъракаи даъват ба сафи Артиш ҳамеша аз сарбозшикор ё “облава” низ хабару наворҳо нашр мегарданд. Агар мавриди “сарбозшикор” қарор гирифтед, чӣ бояд кард? Ба саволҳои худ дар матлаби “Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед? посух гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.