Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд

Ду рӯз баъд, 16-уми майи 2025, аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ парвоз мекунанд. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, 165 шаҳрванди кишвар рӯзи 16-уми май тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мешаванд. “Шаҳрвандонро дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ду рӯз баъд, 16-уми майи 2025, аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ парвоз мекунанд. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, 165 шаҳрванди кишвар рӯзи 16-уми май тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мешаванд.

“Шаҳрвандонро дар фурудгоҳ намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гусел мекунанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Барои адои маносики ҳаҷ дар соли 2025 Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.

Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷи имсола тартиботи нав ҷорӣ кард. Акнун аз охири моҳи апрел ҳеҷ кас ҳаққи ба шаҳри Макка ворид шудан надорад, агар раводиди ҳаҷ надошта бошад.

Тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Арабистони Саудӣ, ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.

Дар соли 2025 Арабистони Саудӣ ба рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳуши маснӯӣ ҷиҳати беҳтар кардани раванди ҳаҷ амиқтар таваҷҷӯҳ кардааст. Яке аз навовариҳои назаррас истифодаи роботҳои зеҳнӣ дар Масҷиди Ҳарам ва дигар маконҳои муҳими Макка мебошад.

Ба иттилои расонаҳо, Арабистони Саудӣ дар соли 2025 барои беҳтар намудани идоракунии издиҳом ва бехатарии ҳоҷиён аз 32 фанноварии муосир истифода мебарад.

Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷҷи фарзиро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.