Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои “лайк” – ро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро имзо кард, ки тибқи он минбаъд барои гузоштани “лайк” шаҳрвандон зиндонӣ намешаванд. Ин тағйирот имрӯз, 14-уми май дар баробари чанд қонуни дигар ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент. Моҳи октябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон аз беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” дар интернет […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро имзо кард, ки тибқи он минбаъд барои гузоштани “лайк” шаҳрвандон зиндонӣ намешаванд. Ин тағйирот имрӯз, 14-уми май дар баробари чанд қонуни дигар ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Моҳи октябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон аз беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” дар интернет ва ҳамчун “далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида” интиқод карда, он замон гуфта буд, “ба ин амал бояд хотима дода шавад”.

Пас аз интиқоди раиси ҷумҳур, вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 10-уми апрел ба Кодекси ҷиноятӣ илова ворид карданд ва рӯзи 13-уми май Маҷлиси миллӣ ҳам онро пазируфт.

Имрӯз ба ин илова раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам имзо гузошт ва пас аз нашраш дар матбуот он ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.

То имрӯз дар асоси ду модда – 179, иловаи 3 ва 307, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд. Ин ду банди қонун миёни мардум бештар бо мафҳуми ҷазо барои “писандидан” (“лайк”) ва бознашр (“поделится”)-и матолиби мамнӯъи дар интернет нашр ва паҳншуда маъмул аст.

Ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳоло 1 ҳазору 507 шаҳрванд бинобар гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани “шарҳу мулоҳизаҳои дорои мазмуну муҳтавои террористӣ экстремистӣ” дар зиндонҳо қарор доранд. Баъди иҷрои ин тағйирот ҷазои онҳо сабук мешавад ё не, маълум нест.

Ба навиштаи хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба чанд қонуни дигар, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ карда буданд, имзо гузоштааст.

Инҳо қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ”, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мебошанд.

“Қонунҳои баимзорасида барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани зиндагии мардум мусоидат менамоянд”, – менависад манбаъ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио