Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд

Табибони тоҷик бори аввал амалиёти ҷарроҳии талхадон ва роҳҳои талхагузарро бе буриши ҷисм, яъне аз даҳон (бо усули эндоскопӣ) анҷом додаанд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май хабар дода, гуфтааст, ки чунин ҷарроҳӣ “бори аввал дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ гузаронида шуд”. Вале маълум нест, ки ҷарроҳӣ кай гузаронида шудааст. Ба гуфтаи […]

Asia-Plus

Табибони тоҷик бори аввал амалиёти ҷарроҳии талхадон ва роҳҳои талхагузарро бе буриши ҷисм, яъне аз даҳон (бо усули эндоскопӣ) анҷом додаанд.

Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май хабар дода, гуфтааст, ки чунин ҷарроҳӣ “бори аввал дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ гузаронида шуд”. Вале маълум нест, ки ҷарроҳӣ кай гузаронида шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷарроҳӣ дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо истифода аз дастгоҳи “Ай Макс” (Eye Max), ки диаметраш 3 мм ва канали кориаш 1.2 мм мебошад анҷом дода шудааст.

Ба навиштаи манбаъ, ин дастгоҳ истеҳсоли Чин буда, имкон медиҳад, гирифторони бемориҳои гуногуни талхадон ва саратони роҳҳои талхагузар бе ҷарроҳии кушода ташхис ва табобат шаванд.

Сорбон Мусоев, мудири шуъбаи ташхису табобати ин марказ гуфтааст, қаблан чунин ҷарроҳиҳо бо усули буриши бадан анҷом дода мешуданд.

 

Дар бораи кӣ будани бемор ва вазъи саломатии ӯ баъди ҷарроҳӣ иттилоъ дода намешавад. Танҳо хабар додаанд, ки баъди ҷарроҳӣ бо ин дастгоҳ “бемор баъд аз 24 соат ба хона рухсат мешавад ва зуд шифо меёбад”.

Ёдрас мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ табибони тоҷик бори нахуст бе буриш ҷарроҳии рагҳои калони мағзи сарро дар Душанбе анҷом дода буданд.

Он аз ҷониби табибони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (маъруф ба бемористони Қарияи Боло) дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташхисию табобатии “Дастаи Дил” гузаронида шуда буд. Табибон косахонаи сари сокини 16-солаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлонро бо ин усул ҷарроҳӣ карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.