Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст

Сайидвалӣ Шарипов, муҳоҷире, ки се кӯдакро дар Русия аз сӯхтор наҷот дод, зода ва шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия навиштааст, ки Саидвалӣ Шарипов бегоҳии 14-уми майи соли 2025 ҳангоми харидории дору аз […]

Asia-Plus

Сайидвалӣ Шарипов, муҳоҷире, ки се кӯдакро дар Русия аз сӯхтор наҷот дод, зода ва шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия навиштааст, ки Саидвалӣ Шарипов бегоҳии 14-уми майи соли 2025 ҳангоми харидории дору аз нуқтаи фуруши доруворӣ дар шаҳри Екатеренбург садои фиғон ва имдодталабии кӯдаки хӯрдсолро шунида, ба кӯмаки ӯ шитофт. Ӯ аввал як кӯдакро наҷот медиҳад ва баъд мефаҳмад, ки дар дохили хонае, ки оташ гирифтааст, боз ду кӯдаки дигар аст. Шарифов ду маротибаи дигар худро ба даруни оташ партофта, кӯдакони боқимондаро наҷот додааст.

Худи Саидвалӣ Шарипов гуфтааст, “коре, ки ман анҷом додам, барои худ қарз медонам ва ҳар касе, ки дар ҷойи ман бошад, ҳамин гуна рафтор менамояд”.

Падари ӯ ҳам бо пуштибонӣ аз писараш иброз доштааст, ки “рисолати ҳар як тоҷик анҷом додани амали хайр ва ҷавонмардиву далерист”.

Ин қаҳрамонии Саидвалӣ Шарипов боиси таҳсини корбарони зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст.

Ӯ 32 сол дошта, 16 сол ин ҷониб дар Русия ба ҳайси кирокаш кор мекардааст.

 

Қаҳрамониҳои дигари муҳоҷирони тоҷик

Бояд зикр кард, ки ин дуввумин ҳодисаи ҷон дар хатар гузошта, ба сокинони Русия кумак кардани муҳоҷирон давоми як моҳи охир аст, ки расонаӣ мешавад.

Аввали ҳамин моҳ Отабек Мадраҳимов, як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав сӯхтори мошинро хомӯш карда буд. Ӯ бо мошини обкаши худ оташи мошини алангагирифтаро хомӯш кард ва навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид.

Баъди ин ҳодиса ба Отабек Мадраҳимов бисёриҳо ташаккур гуфтанд, вале ба қавли худаш, мақомоти Русия ӯро суроғ накарданд ва расонаҳои ин кишвар ҳам дар бораи қаҳрамонии ӯ хабаре надоданд.

Танҳо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо ин ҷавони тоҷик сӯҳбат карда, ба ӯ “Раҳматнома” тақдим кардааст.

Пештар аз ин дар вилояти Маскав Бахтиёр Исмоилов, як тоҷикистонии дигар кӯдаки 11-моҳаро аз канори шоҳроҳ наҷот дода, ба наздиконаш супорид.

Муҳаммадҷон Обидов, колорасони 23-солаи зодаи Тоҷикистон, моҳи июли соли 2024 дар Маскав духтараки навзодеро аз марде наҷот дод, ки дар ҳолати мастӣ ӯро рабудан мехост.

Мисоли дигар, Ҳасан Авғонов, зодаи 58-солаи Тоҷикистон соли гузашта сарфи назар аз синну вазъи нохуби саломатӣ, вақте додхоҳии кӯдакони дар ҳоли ғарқшавиро шунид, ба яхоба даромада, писарчаҳоро наҷот дод.

Аммо ба қавли худи муҳоҷирон сарфи назар аз ҳамаи ин, мақомоти Русия ҳамоно ба муҳоҷирон дидгоҳи некбинона надоранд. Расонаҳои ин кишвар дар аксар ҳолат аз кӯчактарин қоидавайронкунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар умум, кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд, аз инъикоси рафтори хуби онҳо дар бештари ҳолатҳо худдорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.