Серверҳои бузург ва нахи оптикӣ. Барои беҳтар намудани сифати Интернет чӣ корҳо анҷом дода мешавад?

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода бар ин назар аст, ки масоили марбут ба сифати интернети хушсифат ҷанбаи техникӣ доранд. Зимни мусоҳиба бо нашрияи ҳукумати кишвар – "Ҷумҳурият" ӯ дар ин робита зикр кардааст, ки “Тоҷикистон кишварест, ки 93 дарсади қаламрави онро кӯҳҳо ишғол мекунанд ва пайвастшавӣ ба Интернет кори […]

Asia-Plus

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода бар ин назар аст, ки масоили марбут ба сифати интернети хушсифат ҷанбаи техникӣ доранд.

Зимни мусоҳиба бо нашрияи ҳукумати кишвар – "Ҷумҳурият" ӯ дар ин робита зикр кардааст, ки “Тоҷикистон кишварест, ки 93 дарсади қаламрави онро кӯҳҳо ишғол мекунанд ва пайвастшавӣ ба Интернет кори осон набуда, харҷи зиёдро талаб мекунад".

Ба гуфтаи ӯ, барои бартараф намудани ин мушкилӣ ва таъмини Тоҷикистон бо интернети хушсифат маблағгузории зиёд лозим аст.

“Дар шароити кӯҳистон бояд хатҳои нахи оптикии фарохмавҷ пайваст карда шаванд, ки хеле гаронарзиш мебошанд”, – зикр кардааст ӯ.

Файзуллозода таъкид доштааст, ки барои ҳалли масъалаи мазкур аз ҷониби ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

“Барои беҳтар намудани сифати Интернет серверҳои бузург дар дохили кишвар васл мегарданд ва дар минтақаи кӯҳистон хатҳои нахи оптикӣ гузаронда мешаванд”, – иброз доштааст ӯ.

Роҳбари Агентӣ зикр кардааст, ки дар робита ба ҳалли ин масъала, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаҳо омода шуда истодаанд.

“Ба зудӣ дар кишвар шабакаи 5G низ пурра татбиқ мегардад, – изҳор доштааст Файзуллозода. – Ширкати TCELL, аллакай, 5G-ро дар баъзе минтақаҳо роҳандозӣ намуд”.

Зимнан таъкид шудааст, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати Интернет ва умуман рақамикунонӣ, саҳми бахши хусусӣ низ нақши муҳим дошта, дар ин самт бо бахши тиҷорат ҳамкории зич роҳандозӣ шудааст.

Қаблан моҳи апрели соли равон раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Исфандиёри Саъдулло изҳор дошта буд, ки дар доираи “Соли рушди иқтисоди рақамӣ ва иннноватсия” дар кишвар васеъ намудани насби шабакаҳои насли 5G роҳандозӣ шудааст.

“Дар натиҷаи роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо операторон, арзиши воридоти интернет ба таври назаррас поин рафта, ба коҳиши нархи хидматрасониҳои интернети мобилӣ ва ноқилӣ, ки аз ҷониби операторони ватанӣ пешниҳод мешавад, мусоидат кард.

Минбаъд ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ҳадди ақал то 20% зиёд пешниҳод карда мешавад, арзиши тарофаҳои провайдерони интернети ноқилӣ 55% коҳиш дода шуда, ҳамаи тарофаҳои бо суръати пасттар аз 5Мбит/с бекор карда мешаванд”, – зикр карда буд Исфандиёри Саъдулло.

Бино ба маълумоти Хадамот, теъдоди муштариёни ба шабакаҳои телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ васлшуда 8,3 млн нафарро ташкил дода, 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.

Теъдоди умумии корбарони интернети мобилӣ ва сабтшуда 4,9 млн нафарро ташкил медиҳад, ки 4,7 млн нафарашон муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.

Дар радабандии моҳи апрели Speedtest Global Index Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети сабтшуда (ноқилӣ) миёни 155 кишвар зинаи 117-умро касб кардааст. Суръати миёнаи боргузорӣ 36,96 Мбит/с-ро ташкил додааст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонии 98,3 Мбит/с хеле камтар аст.

Миёни кишварҳои минақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон дар зинаи 76-ум, Қирғизистон – 72-юм ва Қазоқистон – 78-ум қарор доштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.