Фосилавӣ ва бо истифода аз компютер. Тағйирот дар имтиҳонсупорӣ барои муҳоҷирон дар Русия

Шуруъ аз соли 2026 муҳоҷирон дар Русия аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва ба таври фосилавӣ имтиҳон месупоранд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Русия дар телеграм-канали худ хабар додааст. Константин Могилевск, муовини вазири маорифи Русия иброз доштааст, ки  ин тасмим ҷиҳати беҳтар кардани сифати […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шуруъ аз соли 2026 муҳоҷирон дар Русия аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва ба таври фосилавӣ имтиҳон месупоранд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Русия дар телеграм-канали худ хабар додааст.

Константин Могилевск, муовини вазири маорифи Русия иброз доштааст, ки  ин тасмим ҷиҳати беҳтар кардани сифати имтиҳонсупорӣ мусоидат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз платформае, ки Донишгоҳи Томск дар якҷоягӣ бо барномаи Яндекс таҳия кардааст, дар арзёбии як назарсанҷии шифоҳӣ миёни  муҳоҷирони корӣ 87 дарсади овозро ба даст овардааст.

“Аз 1-уми январи соли 2026 имтиҳон танҳо бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва ба таври фосилавӣ гузаронида мешавад. Дар ҳоли ҳозир платформаи ҳуши маснӯӣ аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Томск таҳияшуда дар ҳолати озмоишӣ қарор дорад. Дар ин платформа имтиҳон дар тамоми минтақаҳои ҳавзаи федералии Сибир, Луганск ва як қатор минтақаҳои дигар гузаронида мешавад”, – гуфтааст Могилевск.

Қаблан Анзор Музаев, роҳбари Нозирот дар соҳаи маорифи Русия хабар дода буд, ки ин ниҳод пешниҳод кардааст, дар имтиҳон аз забони русӣ барои муҳоҷирон бахши шифоҳӣ ҷорӣ карда шавад.

Тибқи муқаррароти Русия, муҳоҷирон барои дарёфти ҳақи кор ва иқомат дар ин кишвар бояд аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузорӣ имтиҳон супоранд.

Айни замон дар Русия 12 донишгоҳи ваколатдор ба қабули имтиҳон аз хориҷиён ва як ташкилоти назди ҳукумати Маскав мавҷуд аст.

Пештар марказҳои тестӣ дар ин кишвар аз муҳоҷирон имтиҳон аз забони русиро қабул мекарданд. Бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Русия, аз 1-уми майи соли 2024 ин марказҳо аз доштани ин ҳуқуқ маҳрум гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон аз забони русӣ ба буҷаи Русия 2,5 миллиард рубл ворид кардаанд. Арзиши як имтиҳон барои иҷозаи кор ё гирифтани патент 3 ҳазору 800 рубл муқарар шуда, барои гирифтани шаҳрвандии Русия 2 ҳазору 950 рубл ва барои  онҳое, ки мехоҳанд иҷозаи зисти муваққатӣ гиранд, нархи имтиҳон 5 ҳазору 900 рубл муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.