Арабистони Саудӣ пешниҳоди раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистонро аз сар гирифт

Арабистони Саудӣ аз 12-уми июн судури ҳама гуна раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро аз сар мегирад. Дар ин бора аз Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, шаҳрвандон метавонанд раводидро тариқи сомонаи расмии www.visitsaudi.com ба даст оранд. Маҳдудияти қатъи раводид аз оғози моҳи май гирифта шуда буд. Он вақт аз сафорат […]

Арабистони Саудӣ аз 12-уми июн судури ҳама гуна раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро аз сар мегирад. Дар ин бора аз Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, шаҳрвандон метавонанд раводидро тариқи сомонаи расмии www.visitsaudi.com ба даст оранд.

Маҳдудияти қатъи раводид аз оғози моҳи май гирифта шуда буд. Он вақт аз сафорат гуфта буданд, ки ин тасмим “ба мақсади танзими умури мавсими ҳаҷҷи соли 2025” рӯи даст гирифта шудааст. Дар тӯли як моҳи охир ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ раводиди сайёҳӣ дода намешуд. Дар ин муддат фақат шаҳрвандон раводиди ҳаҷ гирифта метавонистанду бас.

Бояд гуфт, ки моҳи августи соли 2023 Арабистони Саудӣ расмиёти дарёфти раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва 7 кишвари дигар, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қирғизистон содда карда, ин кишварҳоро ба низоми додани раводиди электронӣ (eVisa) пайваст кард.

Раводиди электронии сайёҳӣ (eVisa) ба муҳлати як сол дода шуда, ба сайёҳон имкон медиҳад барои 90 рӯз дар Арабистони Саудӣ ҳузур дошта бошанд. Бо ин раводид сайру саёҳату истироҳат кардан, ба дидори хешовандон рафтан ва адои маросими ҳаҷи умра мумкин буд.

Вале дар охири моҳи апрели соли 2025, Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷи имсола тартиботи нав ҷорӣ кард. Акнун аз охири моҳи апрел ҳеҷ кас ҳаққи ба шаҳри Макка ворид шудан надорад, агар раводиди ҳаҷ надошта бошад.

Аз ин хотир, Саудӣ дар феҳристи кишварҳое, ки тариқи сомонаи "eVisa" раводиди электронӣ мегиранд, номи Тоҷикистонро хориҷ карда буд.

Ёдовар мешавем, ки ба иттилои расмии Арабистон Саудӣ, дар мавсими ҳаҷи соли 2025 беш аз 1 миллиону 500 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва 166 ҳазор сокини маҳаллӣ аз хонаи Худо зиёрат кардаанд. Муқоисаи омори нашршуда нишон медиҳад, ки имсол теъдоди зоирон нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.