Ҳаҷ – 2025. Имсол беш аз 1,6 миллион мусалмон хонаи Худоро зиёрат кардаанд

Мақомоти масъули Шоҳигарии Арабистон Саудӣ теъдоди зоирони ҳаҷ дар мавсими 2025-ро нашр кард, ки бино ба он, имсол 1 миллиону 500 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва 166 ҳазор сокини маҳаллӣ аз хонаи Худо зиёрат кардаанд. Муқоисаи омори нашршуда нишон медиҳад, ки имсол теъдоди зоирон нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст. Бар асоси омори ироакардаи мақомоти Арабистони […]

Мақомоти масъули Шоҳигарии Арабистон Саудӣ теъдоди зоирони ҳаҷ дар мавсими 2025-ро нашр кард, ки бино ба он, имсол 1 миллиону 500 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва 166 ҳазор сокини маҳаллӣ аз хонаи Худо зиёрат кардаанд. Муқоисаи омори нашршуда нишон медиҳад, ки имсол теъдоди зоирон нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст.

Бар асоси омори ироакардаи мақомоти Арабистони Саудӣ:

– 1 миллион 506 ҳазору 576 нафар аз 171 кишвар бо роҳҳои гуногун ба ин кишвар ворид шудаанд;

– 166 ҳазору 654 шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва шаҳрвандони хориҷии муқими ин кишвар низ хонаи Худоро зиёат кардаанд.

Аз теъдоди умум, 877 ҳазору 841 мард ва 795 ҳазору 389 зан будаанд.

Зоирон асосан тавассути нақлиёти ҳавоӣ вориди ба хонаи Худо рафтаанд:

Бо ҳавопаймо1 миллиону 435 ҳазор;

Бо нақлиёти заминӣ66 ҳазору 465;

– Тавассути баҳр – 5,1 ҳазор.

Пештар мақомоти Арабистони Саудӣ хабар дода буданд, ки 269 ҳазор нафар, ки ба таври ғайриқонунӣ мехостанд ба Макка ворид шаванд, бозгардонида шуданд ва наздик ба 76 ҳазор қоидашикан низ боздошт шуданд.

Давоми 30 соли охир теъдоди зоирони ҳаҷ чӣ гуна тағйир кард, метавонед аз ҷадвали зерин огоҳ шавед:

 

Бояд гуфт, имсол Арабистони Саудӣ ба рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳуши маснӯӣ ҷиҳати беҳтар кардани раванди ҳаҷ амиқтар таваҷҷӯҳ кард. Яке аз навовариҳои назаррас истифодаи роботҳои зеҳнӣ дар Масҷиди Ҳарам ва дигар маконҳои муҳими Макка мебошад.

Ҳамчунин, дар ҷойҳои муқаддас, ба мисли Масҷидул-Ҳаром ва минтақаи Арафот дастгоҳҳои сабти зеҳнӣ ва ҳушманд насб шудаанд, ки эҳтимоли ба вуҷуд омадани издиҳоми одамонро хабар медиҳад ва чораҳои пешгирикунанда ироа менамояд.

Имсол корти рақамии “Нусук” ҷорӣ карда шуд, ки он ба ҳар як зиёраткунанда дода мешавад. Ин корт ба зоирон имкон медиҳад, ки дар бораи ҳама маконҳои муқаддас маълумот пайдо кунанд ва аз хидматҳои пешниҳодшуда баҳра баранд ва анҷоми маросими ҳаҷро осон кунанд.

Дар баробари ин, имсол Арабистон Сауди барои зиёрати хонаи Худо тартиби нав ва як қатор муқаррароти хос ҷорӣ кард, ки муфассал дар матлаби “Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод” шарҳ додаем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.