Аз тухмӣ то ҳосилнокӣ. Тоҷикистон мушкили картошкапарвариро чӣ гуна ҳал мекунад?

Дар соли 2024 истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзуда, ҳар як сокини кишвар бо 120 кг дар як сол таъмин шуд, ки аз меъёри истеъмол зиёд аст. Аммо ин соҳа ба як қатор мушкилот дучор аст, аз ҷумла истифодаи тухмии пастсифат ва душвориҳои техникӣ. Барои ҳалли онҳо дар Тоҷикистон Маркази инноватсия ва технологияҳо […]

Дар соли 2024 истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзуда, ҳар як сокини кишвар бо 120 кг дар як сол таъмин шуд, ки аз меъёри истеъмол зиёд аст. Аммо ин соҳа ба як қатор мушкилот дучор аст, аз ҷумла истифодаи тухмии пастсифат ва душвориҳои техникӣ. Барои ҳалли онҳо дар Тоҷикистон Маркази инноватсия ва технологияҳо оид ба истеҳсоли тухмии картошка таъсис дода мешавад.

Дар Душанбе рӯзи 4 июн ба муносибати Рӯзи байнулмилалии картошка таҳти унвони “Гузаштаи ғанӣ ва ояндаи сер” (Богатое прошлое, сытное будущее) конфронси миллӣ баргузор шуд. Чорабинӣ аз ҷониби Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ гузаронида шуд.

Зимни конфронс дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи картошкапарварӣ зикр шуда, инчунин барои баррасии мушкилоти рӯзмарра ва имконоти оянда баҳри рушди устувори соҳа платформа таъсис дода шуд.

Сиёсатмадорону муҳаққиқон, кишоварзон, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд гирдиҳам омаданд, то ки нақши стратегии картошкаро дар таҳкими амнияти милии озуқаворӣ, ғизо, воситаи зиндагӣ дар деҳот ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Конфронс ҳамчунин як семинари муқаддимавӣ барои лоиҳаи чанде пеш роҳандозигардидаи “Маркази инноватсия ва технологияҳо оид истеҳсоли тухмии картошка: таҳкими истеҳсоли маҳаллии тухмии картошка барои амнияти озуқаворӣ ва устуворӣ” шуд.

Ин ташаббус, ки бо дастгирии ФАО дар ҳамдастӣ бо Вазорати кишоварзӣ амалӣ мешавад, ба рушди системаи тухмипарварии Тоҷикистон тариқи таъсиси маркази инноватсионӣ, ки ба истеҳсоли тухмиҳои солими гувоҳномадори картошкаи мутобиқ ба шароити иқлими маҳаллӣ машғул мешавад, равона гардидааст.

“Ин ташаббус на танҳо техникӣ аст, балки дар доираи он тағйирот сурат мегирад, – гуфтааст Агаси Арутюнян, и.в. намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. – Тоҷикистон имкон дорад, ки дар истеҳсоли картошка худкифо бошад. Ба туфайли инноватсияҳо, системаҳои беҳтаршудаи тухмипарварӣ ва сармоягузории ҳадафнок, дар ин соҳа ҳосилнокӣ афзуда, хароҷот кам мешавад ва даромади аҳолии деҳот зиёд мешавад”.

Нигоҳ ба вазъият дар рақамҳо

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати кишоварзӣ Баҳодур Назаров, дар соли 1991 майдони кишти картошка 12,8 ҳазор гектар ва истеҳсоли он – 118 ҳазор тоннаро ташкил медод, ки ба ҳар сари аҳолӣ 32,3 кг рост меомад.

Дар соли 2024 майдони заминҳои кишти картошка ба таври назаррас – то 64,5 ҳазор гектар афзуда, ҳаҷми истеҳсоли он то 1 млн 264 ҳазор тонна расид. Ин имкон дод, ки ҳар як сокини кишвар бо 120 кг картошка дар як сол таъмин шавад, ки аз меъёри истеъмол хеле зиёдтар аст.

Мушкилоти картошкапарварӣ

Сарфи назар аз тағйироти мусбат, соҳаи картошкапарварӣ ба як қатор мушкилот дучор аст, ки рушди онро маҳдуд мекунад. Яке аз мушкилоти асосӣ истифодаи картошкаи истеъмолӣ ба сифаи тухмӣ аст. Ин ба фурӯшҳои ғайриқонунӣ ва паст шудани сифати ҳосил оварда мерасонад. Барои ҳалли ин мушкил кишоварзон бояд танҳо аз таъмингарони санҷидашуда тухмӣ харанд.

Ҳамчунин дар тақсими навъҳои баргузидаи картошка, аз ҷумла навъи “Элита”, ки муҳофизат аз вирусҳоро талаб мекунанду бидуни созишномаҳои махсус ва роялти наметавонанд фурӯхта шаванд, мушкил ҷой дорад. Ин ба таври оммавӣ тақсим кардани ин навъҳоро миёни фермерон душвор месозад, ки самаранокии умумии истеҳсолотро коҳиш медиҳад.

Заминаи техникӣ ва тухмипарварӣ низ аз ҷумлаи мушкилоти ин соҳаанд. Барои беҳбуди вазъият таъсиси маркарзҳои биотехнологӣ ва таҷдиди заминаҳои мавҷудаи техникӣ лозим аст. Айни замон ба тадбирҳои муваққатӣ, аз ҷумла воридоти тухмӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир мешавад, ки дар дурнамои дарозмуҳлат роҳи ҳалли мушкил нест.

Таҷрибаи мусбат: кооперативи “Сароб”

Ҳамзамон бо мушкилот, дар соҳаи картошкапарварӣ таҷрибаи мусбат ҳам ҳаст. Кооперативи “Сароб”, ки соли 2011 дар Душанбе таъсис дода шуд, фермеронро фаъолона дастгирӣ карда, ба онҳо тухмиҳои сифаташон баланд ва оид ба масоили агротехникӣ машваратҳо медиҳад.

Ба туфайли ҷорисозии технологияҳои нав ва истифода самараноки тухмӣ, кооператив ба ҳосилнокии 80-90 тонна аз 1 гектар даст ёфт, ки аз нишондиҳандаи дигар хоҷагиҳо (ҳудуди 20 тонна аз 1 гектар) ба таври назаррас зиёд аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.