Ронандае, ки зери чархи мошинаш ноболиғи 16-сола ҷон бохт, 10 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Баҳрулло Юсуфзода, ронандае, ки зери чархи мошинаш Ҷасур Акрамови 16-сола, сокини шаҳри Душанбе ҷон бохта буд, гунаҳкор ҳисобида, ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Фирдавс Акрамов, падари марҳум ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфт, ки ҳукм рӯзи 13-уми июн дар мурофиаи навбатӣ содир шудааст. Додрас  Баҳрулло Юсуфзодаро бо иттиҳоми "вайрон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Баҳрулло Юсуфзода, ронандае, ки зери чархи мошинаш Ҷасур Акрамови 16-сола, сокини шаҳри Душанбе ҷон бохта буд, гунаҳкор ҳисобида, ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора Фирдавс Акрамов, падари марҳум ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфт, ки ҳукм рӯзи 13-уми июн дар мурофиаи навбатӣ содир шудааст.

Додрас  Баҳрулло Юсуфзодаро бо иттиҳоми "вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки боиси марги инсон мегардад” (қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии ҶТ) гунаҳкор ҳисобидааст.

Назари хонавода ва вакили дифоъи Баҳрулло Юсуфзода нисбат ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Қаблан Зарнигор Шоева, модари маҳкумшуда ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “ҳамчун модар бо дарди хонаводаи марҳум шарик ҳаст, чун бо хатои фарзандаш ин ҳодиса рух дод”.

Ӯ афзуда буд, ки Баҳрулло Юсуфзода аз волидайни Ҷасур Акрамов узр хостааст.

Ин қазия замоне расонаӣ гардид, ки Фирдавс Акрамов, падари ноболиғ бо нашри як номаи саркушода ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул хоста буд, ки парвандаи ҷиноии марги писарашро таҳти назорати шахсӣ гиранд.

Ӯ таъкид карда буд, ки падари муттаҳам корманди пулис аст ва аз рӯйи овозаҳо “ҳамаашро ҳал мекунанд, ҷазои вазнин намегиранд”.

Мурофиаи аввал дар доираи ин парванда рӯзи 2-юми июн дар Додгоҳи ноҳияи Сино оғоз шуда, рӯзҳои 3 ва 12-уми июн ду мурофиаи дигар баргузор шуд.

Бояд гуфт, ки садамаи нақлиётӣ бо иштироки Баҳрулло Юсуфзода рӯзи 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе рух дод, ки дар натиҷа Ҷасур Акрамови 16-сола ҷароҳат бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, ҷон бохт. Сабаби ҳодиса “аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадан”-и Юсуфзода гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.