Ситоди шабонарӯзӣ. Сафорати Тоҷикистон гуфт, ки чӣ гуна метавон аз Эрон берун шуд

Бо гузашти панҷ рӯз аз дарагирӣ миёни Исроил ва Эрон, сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломӣ бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандони кишвар дар Эрон хост, ки барои хориҷ шудан аз ин кишвар аз гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон ва Озарбойҷон истифода кунанд. Ин ниҳоди дипломатӣ шоми дирӯз, 17-ми июн навишт, ки барои баргаштани шаҳрвандони кишвар дар сафорат […]

Бо гузашти панҷ рӯз аз дарагирӣ миёни Исроил ва Эрон, сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломӣ бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандони кишвар дар Эрон хост, ки барои хориҷ шудан аз ин кишвар аз гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон ва Озарбойҷон истифода кунанд.

Ин ниҳоди дипломатӣ шоми дирӯз, 17-ми июн навишт, ки барои баргаштани шаҳрвандони кишвар дар сафорат “ситод бо навбатдории шабонарӯзӣ таъсис додааст”.

“Аз шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати баромадан аз кишвар гузаргоҳҳои сарҳадии “Боҷгирон”-и Эрону Туркманистон ва “Астара”-и Эрону Озарбойҷон истифода кунанд. Барои баромадан аз Эрон аз тариқи ин ду гузаргоҳи марзӣ бояд ҳамоҳангиҳо бо мақомоти марбутаи Эрон ва Туркманистону Озарбойҷон сурат гирад, ки онро Сафорат анҷом медиҳад”, – навиштааст сафорат.

Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст, ки шаҳрвандоне, ки нияти хориҷ шудан аз Эронро доранд, метавонанд бо рақамҳои +982122299584, +982122834650, +989334297865, +989304334234, +989104519815, +989367903297 ва почтаи электронии [email protected] муроҷиат кунанд.

Намояндагӣ таъкид кардааст, ки шаҳрвандон ба почтаи электронӣ нусхаҳои шиносномаи хориҷии худро бо зикри шумораи ватсап ё телефони мобилии эронии худ ирсол кунанд.  

Ёдрас мешавем, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон тавассути сарҳади Туркманистон ва Озорбойҷон, ин икшварро тарк карданд.

Қаблан, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 30 шаҳрванди кишвар аллакай ин кишварро тарк карда, 100 тани дигар барои хориҷ шудан аз ин кишвар худро номнавис кардаанд.

Ӯ таъкид карда буд, ки бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ихтиёрист ва ба касе амр нашудааст, ки хоки Эронро тарк кунанд.

Ҳамчунин, дар пайи даргирӣ ва баста шудани фазои ҳавоии Эрон парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикии “Somon Air” ва эронии “Varesh Airline” аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад ва баръакс лағв шудааст.

Ёдрас мешавем, ки субҳи 13-уми июн Исроил ба Эрон ҳамла кард. Дар посух ба ин ҳамла, Эрон шаби 14-уми июн дар чанд мавҷи ҳамлаҳо бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор дод.

Даргирӣ миёни Исроил ва Эрон рӯзи шашум аст, ки давом дорад. То ин лаҳза садҳо нафар аз ҳарду тараф кушта ва ҳазорҳо тан маҷруҳ шуданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.