Русия аз ҳисоби патенти муҳоҷирон миллиардҳо рубл даромад гирифтааст

Дар 5 моҳи соли 2025 муҳоҷирон барои гирифтани патент ба буҷаи Русия 63 миллиард рубл (беш аз 7 миллиард сомонӣ) пардохт кардаанд, ки ин  маблағ 35% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ин бора Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Русия иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамагӣ дар соли гузашта муҳоҷирон ба буҷети Русия 124 млрд рубл […]

Asia-Plus

Дар 5 моҳи соли 2025 муҳоҷирон барои гирифтани патент ба буҷаи Русия 63 миллиард рубл (беш аз 7 миллиард сомонӣ) пардохт кардаанд, ки ин  маблағ 35% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ин бора Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Русия иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамагӣ дар соли гузашта муҳоҷирон ба буҷети Русия 124 млрд рубл пардохт кардаанд, ки тақрибан ба 1,6 млрд доллар баробар аст. Маблағ мустақиман ба буҷети минтақаҳо ворид шудааст.

Тибқи иттилои ВКД-и Русия, дар ин кишвар айни замон ҳудуди 3 млн шаҳрванди хориҷӣ кор мекунанд.

Онҳо дар чунин бахшҳо кор мекунанд:

800 ҳазор нафар дар бахши сохтмон;

350 ҳазор нафар дар соҳаи савдо ва саноат;

193 ҳазор нафар дар соҳаи логистика ва захира (анборҳо);

63 ҳазор нафар — дар бахши кишоварзӣ.

Соли 2024 ба Русия 6,3 млн хориҷӣ омада, тақрибан нисфи онҳо мақсади омаданро кор зикр карданд.

Аммо ҳудуди 700 ҳазор нафар ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур дошта, 157 ҳазор нафари онҳо хориҷ карда шудаанд.

Қисми зиёди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омадаанд:

Ӯзбекистон — 23,3%,

Тоҷикистон — 16,7%,

Қирғизистион — 10,4%.

Аз 5-уми феврали соли равон дар Русия "рӯйхати сиёҳ" мавриди амал қарор гирифт, ки ба он шахсоне, ворид мешаванд, ки қоидаҳои ҳузур дар кишварро риоя намекунанд. Барои афроди дар ин рӯйхат қарордошта дар ивази макони зист, бастани ақди никоҳ, харидории манзил ё автомашина маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Тариқи онлайн – дар сомонаи ВКД ё тариқи портали хидматрасониҳои давлатӣ (госуслуги) метавонед дар ин рӯйхат қарор доштани худро бисанҷед. Муҳоҷироне, ки номашон дар ин феҳрист аст, имкон доранд то моҳи сентябр будубоши худро дар Русия қонунӣ кунанд.

Ба гуфтаи Валентина Казакова, айни замон дар ин рӯйхат қариб 800 ҳазор нафар қонуншиканон ворид шудаанд. Моҳи феврал теъдоди онҳо 670 ҳазор нафарро ташкил медод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.