Ҷашни Тиргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?

Дирӯз, 22-юми июн дар “Боғи Ирам”-и пойтахт ҷашни Тиргон таҷлил гардид. Дар ҳошияи он, намоиши хушкмеваҳои Тоҷикистон ва иди зардолу низ баргузор шуд. Деҳқонону боғдорони ҷумҳурӣ маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Дар ҳар гӯшае ҳосили меваву сабзавот ба ҳар тариқу ороише ба тамошо гузошта шуда буд. Соҳибхоназанони манотиқи гуногуни кишвар таомҳои миллӣ ва ё […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дирӯз, 22-юми июн дар “Боғи Ирам”-и пойтахт ҷашни Тиргон таҷлил гардид. Дар ҳошияи он, намоиши хушкмеваҳои Тоҷикистон ва иди зардолу низ баргузор шуд.

Деҳқонону боғдорони ҷумҳурӣ маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Дар ҳар гӯшае ҳосили меваву сабзавот ба ҳар тариқу ороише ба тамошо гузошта шуда буд.

Соҳибхоназанони манотиқи гуногуни кишвар таомҳои миллӣ ва ё хоси маҳалли худро омода намуда, манзури меҳмонон гардониданд.

Дар чорабинӣ Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазир, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ намояндагони ҳукуматҳои вилоятҳо ва меҳмонону сокинони пойтахт ширкат доштанд.

Бояд гуфт, имсол бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ҷашни Тиргон расман ба феҳристи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон шомил гардид ва рӯзи таҷлили он 1-уми июл муқаррар шуд. Аммо ба иттилои Вазорати кишоварзӣ “ба хотири ҷашни  Ваҳдати миллӣ баргузории идро чанд рӯз пеш ба нақша гирифтаанд”.

Тиргон дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба шумор меравад. Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мешуд.

Ҷашни Тиргон ҳамчун рамзи борону сарсабзӣ, меҳрварзӣ ва гиромидошти ростиву ҳақиқат дар боварҳои деринаи ниёгони мо реша дорад ва баёнгари пайванди амиқи инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.