“Иди зардолу” ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон”. Дар Душанбе ҷашни Тиргон баргузор мегардад

Рӯзи 22-юми июн дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе бо иштироки деҳқонону боғдорон аз тамоми манотиқи кишвар ҷашни Тиргон бо баргузории “Иди зардолу” ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” таҷлил мегардад. Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҷашни Тиргон дар асоси амри президент ва қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” мегузарад. Дар ин ниҳод гуфтанд, имсол дар ҷашни […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Рӯзи 22-юми июн дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе бо иштироки деҳқонону боғдорон аз тамоми манотиқи кишвар ҷашни Тиргон бо баргузории “Иди зардолу” ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” таҷлил мегардад.

Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҷашни Тиргон дар асоси амри президент ва қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” мегузарад.

Дар ин ниҳод гуфтанд, имсол дар ҷашни Тиргон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, навъҳои меваҳо ва хушкмеваҳо, инчунин, намудҳои  гуногуни зироатҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ баргузор мешавад.

“Дар “Иди зардолу” ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” деҳқонуну боғдорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок карда маҳсули дастранҷи худро ба намоиш мегузоранд. Дар чорабинӣ намояндагон аз ҳукумати кишвар, вазорати фарҳанг ва дигар ниҳодҳои марбута низ ширкат мекунанд. Инчунин, чорабинии фарҳангӣ низ баргузор мешавад ва дар охир ба фаъолони соҳа ҷоиза супорида мешавад”,-гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 208,3 ҳазор гектар майдони боғу токзорҳо мавҷуд буда, 68 ҳазор гектари онро боғҳои зардолу ташкил медиҳанд.

Дар кишвар ба ҳолати 1-уми июни соли ҷорӣ 44,5 ҳазор тонна мева истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла истеҳсоли зардолу 27,3 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,2 тонна бештар аст.

Имсол ҷашни Тиргон ба феҳристи рӯзҳои ид дар ҷумҳурӣ шомил гардид ва рӯзи таҷлили он 1-уми июл муқаррар шудааст. Дар Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, ки ба хотири ҷашни  Ваҳдати миллӣ баргузории идро чанд рӯз пеш ба нақша гирифтаанд.

Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад.

Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Аз ин чашн маросиму одатҳое боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.