Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Хоруғ ва анҷоми сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ

Шоми дирӯз, 27-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ кард. Раисҷумҳур “ваҳдати миллиро рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат арзёбӣ” намуда гуфт, ки “ин санаи муҳим, ки мо ба […]

Asia-Plus

Шоми дирӯз, 27-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ кард.

Раисҷумҳур “ваҳдати миллиро рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат арзёбӣ” намуда гуфт, ки “ин санаи муҳим, ки мо ба он маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди мамлакат расидем, оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид.”.

“Мо, ки ворисони мероси ҷовидонаи ниёгони некноми худ мебошем, ҳанӯз беш аз сӣ сол қабл фаъолияти шабонарӯзиро ба хотири қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъмин намудани сулҳ оғоз кардем”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин, аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, “доир ба тадбирҳои андешидаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар баҳри наҷоти миллат, аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани сарзамин ва баргардондани ҳамватанон ба Ватан андешаронӣ намуд”.

"Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра пешсаф мешиносад, эътироф мекунад ва ташаббусҳои онро дастгириву амалӣ месозад",-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Баъди суханронии президент, барномаи консертии устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони вилоят баргузор гардид.

Барномаи консертӣ аз рақсу сурудҳои тараннумгари сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва дӯстию бародарӣ иборат буд. Барои таҳияи барнома 5000 ҳунарпешаи касбӣ ва ҷавонони соҳибистеъдоду ҳаваскор ҷалб шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки сафари кории раиси ҷумҳури кишвар аз 25 то 28-уми июн дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ сурат гирифт. Дар ҷараёни ин сафар ӯ як қатор иншооти нав ва роҳу нерӯгоҳҳои барқиро дар ин ноҳияҳо ба кор андохт.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 28-уми июн пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио