Ду гумонбар дар ғайриқонунӣ ворид кардани хориҷиён ба Амрико шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд, на Тоҷикистон

Додситони Амрико эълон кард, ки ду нафаре, ки дар ин кишвар ба ғайриқонунӣ ворид кардани хориҷиён гумонбар ва шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ шуда буданд, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд. Қаблан, дар баёнияи рӯзи 24-уми июни додситонии иёлати Пенсилванияи ин кишвар зикр мешуд, ки онҳо ҳарду шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва ба убури ғайриқонии марз ва талоши ворид кардани шаҳрванди хориҷӣ ба […]

Asia-Plus

Додситони Амрико эълон кард, ки ду нафаре, ки дар ин кишвар ба ғайриқонунӣ ворид кардани хориҷиён гумонбар ва шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ шуда буданд, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд.

Қаблан, дар баёнияи рӯзи 24-уми июни додситонии иёлати Пенсилванияи ин кишвар зикр мешуд, ки онҳо ҳарду шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва ба убури ғайриқонии марз ва талоши ворид кардани шаҳрванди хориҷӣ ба ИМА бо ҳадафи ба даст овардани даромади молӣ гумонбар мешаванд.

Вале ҳоло дар ҳамин баёния зикр мешавад, ки онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Аммо дар бораи тағйири баёния зикр намешавад.

Дар баёния аз онҳо Беҳзод Раҳматови 30-сола ва Мӯнис Хоҷиеви 31-сола ном бурда шуда, вале маълум нест, ки ин ду ҷавон кай ва чӣ гуна боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Раҳматов дар шаҳри Мейнвил дар аёлати Оҳайо ва Ҳоҷиев дар шаҳри Филаделфия иқомат дошта, ҳарду ғайриқонунӣ дар як рӯз вориди Иёлоти Муттаҳида шудаанд.

Тибқи иттиҳомоти додситонӣ, Раҳматов ва Хоҷиев ҳамчунин ба талоши ворид кардани шаҳрванди хориҷӣ ба ИМА бо ҳадафи ба даст овардани даромади молӣ гумонбар мешаванд.

Ба навиштаи манбаъ, онҳо ба шахсе ёрӣ кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба ИМА ворид шавад. Сипас, онҳо аз он мард дар бораи ба кишвар ворид кардани муҳоҷирони ғайриқонунии дигар тавсия ва роҳнамоӣ гирифтаанд.

"Давоми солҳои 2022-2025 ин ду нафар бо дигар афрод ҳамкорӣ карда, шабакаи убури ғайриқонунии муҳоҷирон ба ИМА-ро ташкил кардаанд. Онҳо барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, аз ҷумла раводидҳо ва шиносномаҳо тайёр мекардаанд. Муҳоҷирон бо ин ҳуҷҷатҳо аз марзи Мексика ба ИМА дохил мешудаанд. Муттаҳамон барои ин “хадамот” маблағи муайян мегирифтанд", – омадааст дар баёнияи додситонӣ.

Солҳои охир қаламрави Мексика ба як роҳи маъруфи убури дастаҷамъонаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, табдил ёфтааст.

Агар гуноҳи Беҳзод Раҳматов ва Мӯнис Хоҷиев дар додгоҳ собит шавад, ба ҳар як аз онҳо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале додоситонӣ гуфтааст, то замоне, ки гуноҳи онҳо дар додгоҳ собит нашавад, онҳо бегуноҳ ба ҳисоб мераванд. Ин парванда аз ҷониби Бюрои федеролии тафтишот (FBI) таҳқиқ мешавад.

Ба иттилои манобеи боз, теъдоди зодагони Тоҷикистон дар Амрико то 16 ҳазор нафар мерасад, ки бештари онҳо дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Филаделфия зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио