Эҳтимоли омадани селҳо дар Тоҷикистон бар асари гармӣ: аз саёҳат дар кӯҳҳо худдорӣ кунед

Аз 1 то 3 июл дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи Тоҷикистон хавфи селфароиҳо аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, фаромадани селҳо бар асари обшавии пиряхҳо дар Ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ пешгӯӣ мешавад. Сабабаш якбора болоравии ҳарорат ва тез шудани суръати обшавии […]

Манзума Фируз, Asia-Plus

Аз 1 то 3 июл дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи Тоҷикистон хавфи селфароиҳо аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, фаромадани селҳо бар асари обшавии пиряхҳо дар Ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ пешгӯӣ мешавад. Сабабаш якбора болоравии ҳарорат ва тез шудани суръати обшавии пиряхҳо зикр шудааст.

Дар ин рӯзҳо ба шаҳрвандон чунин тавсияҳо дода мешавад:

– худдорӣ аз сайру саёҳат дар кӯҳҳо;

– ҳузур надоштан дар назди обанборҳо;

– ба моҳидорӣ ва шикор машғул нашудан;

– худдорӣ аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳо.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, доимо маълумот дар бораи обуҳаворо пайгирӣ кунанд.

Ёдрас мекунем, ки аз 25 то 29 июни соли равон низ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ба мушоҳида расид: тӯфони чангу ғубор, ифлосшавии ҳаво ва ҳарорати баланд, бахусус дар ноҳияҳои ҷануб ва водиҳо.

Қаблан зикр гардида буд, ки моҳи июни соли 2025 ба Тоҷикистон ҳавои гарми ҳақиқии тобистона омада, қариб дар саросари қаламрави кишвар ҳавои то 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад ва дар як қатор ноҳияҳо борон борида, чангу ғубор мефарояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.