Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Исроил ба Эрон 935 нафар эълом шуд

Дар тозатарин оморе, ки рӯзи 30-юми июн мақомоти Эрон эълон карданд, теъдоди сокинони дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушташуда 935 тан гуфта мешавад. Ба гуфтаи Асғар Ҷаҳонгир, сухангӯи Додгоҳи олӣ (Қувваи қазоия)-и Эрон, аз теъдоди умумии кушташудагон 38 тан кӯдак ва 102 нафар зан будаанд. Аз миёни занҳои кушташуда чанд нафар ҳам ҳомила будаанд. Қаблан, дар […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар тозатарин оморе, ки рӯзи 30-юми июн мақомоти Эрон эълон карданд, теъдоди сокинони дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушташуда 935 тан гуфта мешавад.

Ба гуфтаи Асғар Ҷаҳонгир, сухангӯи Додгоҳи олӣ (Қувваи қазоия)-и Эрон, аз теъдоди умумии кушташудагон 38 тан кӯдак ва 102 нафар зан будаанд. Аз миёни занҳои кушташуда чанд нафар ҳам ҳомила будаанд.

Қаблан, дар рӯзи эълон иташбас, Вазорати беҳдошти Эрон теъдоди кушташудагонро 610 тан ва ҷароҳатбардоштагонро 4 ҳазору 746 нафар гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, Исроил ҳам талафот аз ҷанги оғозкардаашро чанде пеш эълом карда буд. Нашрияи “The Times of Israel” бо такя ба маълумоти ироакардаи Артиш ва Вазорати тандурустии Исроил навишта буд, ки аз мушакҳои партобкардаи Эрон 28 сокини Исроил кушта шудааст. Теъдоди ҷароҳатбардоштагон 3 ҳазору 238 тан гуфта мешавад.

Ёдрас мешавем, ки даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон, ки 13-уми июн бо ҳамлаи беасоси аввалӣ оғоз гардид, пас аз бомбафканиву мушакпартоиҳо, зарбаҳои ҳавоии Амрико ба Эрон ва посухи Теҳрони расмӣ ба он, рӯзи 24-уми июн, бо миёнҷигарии Амрико ва Давлати Қатар бо оташбас ба поён расид.

Дар лаҳзаҳои аввали эълони оташбас ҳарду ҷониб ҳамдигарро ба нақзи он айбдор карданд, аммо инак рӯзи ҳаштуми оташбас идома дорад. Дар ин муддат расонаҳо аз эҳтимоли оғози як ҷанги дигар аз сӯйи Исроил гузоришҳо нашр мекунанд, аммо мақомоти расмии ин кишвар расман чизе нагуфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.