Дархост барои гирифтани раводиди Шенген аз Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар соли 2024 шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводиди Шенген 4 ҳазору 19 дархост додаанд, ки ин қариб ба се соли давраи пандемия (2020-2022), ки дар маҷмуъ, 5944 дархост пешниҳод карда буданд, баробар аст. Тибқи маълумоти "Schengen Visa Statistics", Тоҷикистон миёни беш аз 140 кишвар, ки барои раводид ба Аврупо муроҷиат кардаанд, дар ҷойи 93-юм қарор гирифтааст.  Тамоюли […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар соли 2024 шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводиди Шенген 4 ҳазору 19 дархост додаанд, ки ин қариб ба се соли давраи пандемия (2020-2022), ки дар маҷмуъ, 5944 дархост пешниҳод карда буданд, баробар аст.

Тибқи маълумоти "Schengen Visa Statistics", Тоҷикистон миёни беш аз 140 кишвар, ки барои раводид ба Аврупо муроҷиат кардаанд, дар ҷойи 93-юм қарор гирифтааст

Тамоюли афзоиши хоҳишмандони сафар ба Аврупо бо мақсадҳои дидори наздикон, таҳсил ва тиҷорат мушоҳида мешавад.

Кишвари Олмон самти ҷолибтарин боқӣ монда, ба консулгариҳои он бештар аз ҳама на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ муроҷиат мекунанд.

Дар соли 2024 дар маҷмӯъ аз Осиёи Марказӣ беш аз 278 ҳазор дархости раводид пешниҳод шудааст:

– Қазоқистон – 179 446 (ҷойи 16-ум дар ҷаҳон);

– Ӯзбекистон – 58 691 (ҷойи 35-ум);

– Қирғизистон – 28 061 (ҷойи 47-ум);

– Туркманистон – 7831 (ҷойи 78-ум);

– Тоҷикистон – 4019 (ҷойи 93-юм).

Вале сатҳи радкунии раводидҳои "Шенген" дар соли гузашта дар тамом ҷаҳон ба ҳисоби миёна 14,56%-ро ташкил дод. Яъне қариб ҳар 7-умин дархост рад шудааст. Ҳамзамон, пардохти боҷи раводид дар ҳаҷми 80 евро  (каму беш 850 сомонӣ) дар сурати рад шудан, бозпас дода намешавад.

Аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ соли 2024 Иттиҳоди Аврупо аз ҳисоби пардохтҳои раводид беш аз 22 млн евро ба даст овардааст:

– Қазоқистон – 14,35 млн евро;

– Ӯзбекистон – 4,69 млн евро;

– Қирғизистон – 2,24 млн евро;

– Туркманистон – 626 ҳазор евро;

– Тоҷикистон – 321 ҳазор евро.

Ин маблағҳо раводидҳои имтиёзнок ва пешниҳоди такрориро дар бар намегиранд, аз ин рӯ, даромади воқеӣ метавонад боз ҳам зиёдтар бошад.

Дар соли 2024 шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Иттиҳоди Аврупо низоми раводид доранд, танҳо барои дархостҳои радшудаи раводид зиёда аз 136 млн евро пардохт кардаанд.

Сабабҳои радкунии раводид метавонанд ҳуҷҷатҳои нодуруст, асосноксозии начандон қавии ҳадафи сафар ё набудани кафолатҳои молиявӣ бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.