Чаҳор шаҳрвандони Тоҷикистон, гумонбарони асосии ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Маскав дар мурофиаи аввали додгоҳӣ "ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд". Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Людмила Айвар, намояндаи ҷабрдидагон иттилоъ медиҳад.
“Пас аз эълони хулосаи айбдорӣ ҳамаи иштирокчиёни бевоситаи амали террористӣ изҳор доштанд, ки пурра ба гуноҳашон иқрор ва аз кардаи худ пушаймонанд”, – иброз доштааст Людмила Айвар.
Ба гуфтаи ӯ, "Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода аз ҷабрдидагон узр пурсидаанд".
Дар ҳамин ҳол, номбурда гуфтааст, ки Муҳаммадсобир Файзо гуфт, “шахсони муайян аз ҷавониаш истифода бурда”, ӯро фиреб ва ба амалҳои ҷинояткорона ҷалб кардаанд, ҳарчанд ӯ дар ҳаёташ нақшаҳои дигар дошт”.
Чанд иштирокчиии дигари парванда – Умедҷон Солиев, Мустақим Солиев, Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммадзоир Шарифзода, Яқубҷони Давлатхон Юсуфзода ва Лутфуллои Назримад "ба гуноҳашон қисман иқрор шудаанд".
Ҳафт нафари боқимонда Ҷумъахон Қурбонов, Ҳусейн Медов, Ҷабраил Аушев, Алишер Қосимов, инчунин Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо гунаҳкор будани худро рад кардаанд.
Қаблан моҳи июн зикр гардида буд, ки танҳо як айбдоршаванда – Фаридуни Шамсиддин пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ кардааст. Се гумонбари дигар низ ба гуноҳашон иқрор шуда, лекин изҳори пушаймонӣ накардаанд.
Парвандаи содир гардидани амали террористиро дар “Крокус” Додгоҳи 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ мекунад. Ҷаласаи аввал ба таври ошкор баргузор мегардад, аммо раванди минбаъдаи мурофиа аз расонаҳо ва омма пинҳон нигоҳ дошта мешавад, зеро ба қавли мақомоти Русия, дар маводи парванда маълумоти махфӣ мавҷуд аст.
Муҳлати ҳабси гумонбарон 6 моҳи дигар тамдид карда шуд
Зиёда аз 1700 нафар ҷабрдида дар ин парванда эътироф шудаанд. Маблағи даъвоҳои ҷуброни зиёни молӣ ва маънавӣ аз рӯи ин парванда ҳудуди 66 млн рубл (826 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.
Додгоҳ муҳлати дар ҳабс нигаҳдории 19 иштиркчии парвандаро боз 6 моҳ – то 7 январи соли 2026 дароз кард. Дар Русия ҳамаи онҳо ба феҳристи террористон шомиланд.
Ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Красногорски вилояти Маскав рӯзи 22 марти соли 2024 сурат гирифта, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Гумонбарони асосии парванда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Радҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов. Мақомоти тафтишотӣ иддао мекунад, ки маҳз онҳо дар “Крокус” тирпарронӣ карда, баъди оташзанӣ фирор кардаанд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони амали террористиро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.


