Боҷҳои нав ва боло бурдани арзиши чанд хидматрасонӣ барои муҳоҷирон дар Русия

Дар Русия аз 1-уми сентябри соли равон барои муҳоҷирони корӣ дар Русия боҷи нав ҷорӣ мешавад ва ҳамчунин, арзиши бархе хидматрасонӣ, мисли тамдид патент ва ё азнавбақадгирии он гарон мегардад. Хабаргузории “РИА Новости” менависад, ки аз ҷумла, барои баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан муҳоҷирон дар маҳалли будубош 500 рубл ситонида мешавад. Ҳоло ин хидматрасонӣ ройгон аст. Ҳамчунин, […]

Asia-Plus

Дар Русия аз 1-уми сентябри соли равон барои муҳоҷирони корӣ дар Русия боҷи нав ҷорӣ мешавад ва ҳамчунин, арзиши бархе хидматрасонӣ, мисли тамдид патент ва ё азнавбақадгирии он гарон мегардад.

Хабаргузории “РИА Новости” менависад, ки аз ҷумла, барои баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан муҳоҷирон дар маҳалли будубош 500 рубл ситонида мешавад. Ҳоло ин хидматрасонӣ ройгон аст.

Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия барои тамдиди муҳлати иқомати муваққат аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ 1000 рубл пардохт мекунанд.

Манбаъ менависад, ки барои тамдиди иҷозатнома барои кор (патент) ё азнавбақайдгирии он акнун 4200 рубл ситонида мешавад. Вале агар хоҳед, ки нусхаи иҷозатномаи патентро ба даст биёред ва ягон тағйирот ба он ворид кунед, 2100 рубли дигар пардохт мекунед.

Ҳамчунин, барои сабти ном дар макони зист 1000 рубл пардохт крада мешавда. Ҳоло он 420 рубл аст.

Думаи давлатии Русия қарор барои ситонидани боҷҳои нав аз муҳоҷиронро аввали моҳи июл қабул кард.

Вазорати молияи ин кишвар мегӯяд, таъйини боҷи нав барои муҳоҷирони корӣ ба буҷети давлат 17 млрд рубл даромади изофӣ меорад.

Русия ҳамасола аз ҳисоби муҳоҷирон, махсусан пардохти пули патентмиллионҳо рубл даромад ба даст меорад. Аз ҷумла, дар 5 моҳи соли 2025 муҳоҷирон барои гирифтани патент ба буҷаи Русия 63 миллиард рубл (беш аз 7 миллиард сомонӣ) пардохт кардаанд, ки ин  маблағ 35% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. 

Бо ин вуҷуд, муҳоҷирон дар ин кишвар солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дучор мешаванд.

Ин фишорҳо махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Аз ҷумла, ки дар чор моҳи аввали соли 2025, 19 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ шудаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Вале тавре дида мешавад, ҳоло муваффақ нашудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.