Шиносоии ҳайати БМТ бо кори технологияҳои пешрафтаи Бонки федералии Олмон

Дар вохӯрии ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо намояндагони Бонки федералии Олмон (Бундесбанк), ки дар ҷараёни сафари онҳо ба яке аз филилаҳои он дар Мюнхен сурат гирифт, масоили назорати сифати пулҳои коғазӣ в мубориза бо пулҳои қалбакӣ дар маркази таваҷҷуҳи мулоқот қарор доштанд. Ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, ҳайат таҳти роҳбарии раиси Бонки миллӣ Фирдавс […]

Asia-Plus

Дар вохӯрии ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо намояндагони Бонки федералии Олмон (Бундесбанк), ки дар ҷараёни сафари онҳо ба яке аз филилаҳои он дар Мюнхен сурат гирифт, масоили назорати сифати пулҳои коғазӣ в мубориза бо пулҳои қалбакӣ дар маркази таваҷҷуҳи мулоқот қарор доштанд.

Ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, ҳайат таҳти роҳбарии раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода бо технологияҳои муосири  равандҳои коркард, низомҳои амниятӣ ва интиқоли пули нақд аз наздик шинос шуд.

Гуфта мешавад,  дар ҷраёни сафар Фирдавс Толибзода бо президенти шуъбаи минтақавии бонки мазкур дар Бавария Райнхолд Фолбрахт ва директори шуъбаи минтақавии бонки номбурда дар шаҳри Мюнхен хонум Мишел Кройссер мулоқот дошт.

Ба иттилои манбаъ, сафар дар доираи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва табодули таҷриба байни бонкҳои марказӣ сурат гирифта, дар ҷараёни боздид, ба фаъолияти маркази хазинавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

“Дар идомаи ташриф намояндагони Бундесбонк ба ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон доир ба технологияҳои муосири равандҳои коркард, низомҳои амниятӣ ва интиқоли пули нақд маълумоти муфассал пешниҳод намуда, масъалаҳои марбут ба назорати сифати банкнотаҳо ва мубориза бо пулҳои қалбакӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”, – омадааст дар хабар.

Фирдавс Толибзода аз фароҳам овардани имкони шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафта ва муҳимияти он барои такмили минбаъдаи фаъолияти Бонки милли ҷумҳурӣизҳори қаноатмандӣ намуд:

«Мо ҳамкориро бо ҳамкасбони олмонии худ ниҳоят қадр мекунем ва итминон дорем, ки таҷрибаи андӯхташуда ба такмили минбаъдаи фаъолияти мо, бахусус дар масъалаҳои танзиму назорати гардиши пул ва таъмини амнияти он мусоидат хоҳад кард».

Дар навбати худ, роҳбарияти филиали Бонки федералии Олмон дар шаҳри Мюнхен низ аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалиро барои нигоҳ доштани суботи низоми молиявӣ таъкид намуд.

Зикр мегардад, ки дар фарҷоми боздид, ки дар фазои хуби ҳамдигарфаҳмӣ гузашт, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ ва идомаи табодули таҷриба дар самтҳои калидии фаъолияти бонкҳои марказӣ баён намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.