Нисбати чанд корманди ВКД бо гумони гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи чанд корманди Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар ноҳияи Мастчоҳ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Онҳо ба гирифтани 177 ҳазор сомонӣ пора аз чанд сокини ноҳия гумонбар мешаванд.

Ин ниҳод аз ду нафари онҳо, Нурматов Ҷ.Р, сардори шуъбачаи тафтишотӣ ва Бадавлатзода Р.Ҳ, муфаттиши шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ ном бурдааст.

Оҷонсӣ гуфтааст, аз ҷумла, Нурматов Ҷ.Р. ҳамроҳ бо Бадавлатзода Р.Ҳ. моҳи марти соли ҷорӣ барои боз накардани парвандаи ҷиноӣ аз як шаҳрванд 40 ҳазор сомонӣ пора гирифтанд.

Ба ҷуз ин, ба гуфтаи манбаъ, Нурматов “бо ҳамин роҳу усул дар се ҳолати дигар ба воситаи дигар кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ” аз шаҳрвандон барои ба манфиати онҳо ҳал кардани натиҷаи баррасии маводҳои санҷишӣ дар умум 137 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ба қавли Оҷонсии зиддифасод, гумонбарон ҳамаи ин пулро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд.

Ин ниҳод номи гумонбарони дигар ва чанд кас будани онҳоро мушаххас нагуфтааст. Ҳамчунин, маълум нест, ки ин нафарон дар боздоштанд ё дар озодӣ қарор доранд.

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, алайҳи Нурматов Ҷ.Р. ва дигарон бо иттиҳоми гирифтани пора (моддаи 319 қисми 3 КҶ) ва сӯистифода аз мансаб (моддаи 314 қисми 1 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст. Танҳо иттиҳоми якум аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари гумонбарон ва пайвандони онҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд. Сокинон аз он ки корашон дар идораҳои давлатӣ бештар вақт бо пора ҳал мешавад борҳо нигаронӣ мекунанд.

Чанде пеш Оҷонсии зиддифасоди кишвар рӯйхати фасодзадатарин ниҳодҳоро номбар кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар ин руйхат дар ҷои панҷум аст.

Тоҷикистон дар индекси нави дарки (қабули) фасоди Созмони шаффофияти байнулмилалӣ (Transparency International) дар соли 2024  бо 19 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 164-умро ишғол кард

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...