Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 августи соли 2025

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 АВГУСТ Соли 2019 – Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, собиқ сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи Олӣ гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев таҳти муҳри махфӣ баррасӣ шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ 20 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард, лекин ҳайати мушовара ӯро ба […]

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 АВГУСТ

Соли 2019 – Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, собиқ сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи Олӣ гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев таҳти муҳри махфӣ баррасӣ шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ 20 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард, лекин ҳайати мушовара ӯро ба 15 соли зиндон маҳкум намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1930 – Зодрӯзи Шариф Аҳмадов, доктори илмҳои таърих.

Соли 1944 – Мавлуди Файз Нормуродов, физики тоҷик, доктори илмҳои физика-математика.

Соли 1951 – Мавлуди Насруллоҳи Асадулло, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

14 августи соли 1893 аввалин бор дар Фаронса ба ронандагони автомобил шаҳодатнома дода шуд. Он “Гувоҳномаи қобилияти идора кардани воситаи нақлиёт бо муҳаррики механикӣ” номида мешуд. Барои гирифтани он имтиҳон талаб намешуд, танҳо нишон додани маҳорати идоракунии мошин кофӣ буд.

Соли 1899 дар Фаронса аввалин маротиба имтиҳони расмӣ барои санҷиши малакаи ронандагӣ баргузор шуд. Пас аз супоридани он, ронанда “Шаҳодатномаи миллии қобилияти ронандагӣ” гирифт. Дар ҳамон давра чунин шаҳодатномаҳо дар Амрико низ ҷорӣ гардиданд.

14-уми август "зодрӯз"-и паёмрасони “Telegram” аст. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2013 ин паёмрасон бори аввал дар барномаи “AppStore” (барои iOS) ҷой дода шуд. Ихтироъкор ва молики он Павел Дуров (асосгузори шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте”) мебошад. Ҳар сол барои такмил ва рушди он беш аз 12 миллион доллар сарф мешавад.

Идеяи сохтани "Telegram", ки бисёрсамта буда, имконоти зиёд, аз ҷумла мубодилаи файлҳо, паёмҳои матнӣ, садоӣ ва видеоӣ, инчунин эҷоди каналҳо ва конфронсҳо дорад, соли 2011 пайдо шудааст. Пас аз ним сол, ба гуфтаи Павел Дуров, шумораи корбарон аз 4,5 миллион нафар гузашт. То соли 2021 ин рақам ба 500 миллион расид. Он ҳоло яке аз паёмрасонҳои машҳур дар тамоми ҷаҳон шинохта шуда, шумораи корбаронаш 1 млрд кас аст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 14 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 30+35º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24 гарм, рӯзона 36+38º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.