“Чиптаи ҷангал”. Барои ҷамъоварии ҳезуму гиёҳ, чаронидани чорво, гузоштани қуттии занбӯри асал маблағ пардохт бояд кард

Дар Тоҷикистон барои ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, гузоштани қуттӣ барои занбӯри асал дар ҷангал бояд маблағи муайян пардохт кард ва иҷозатнома ё “чиптаи ҷангал” гирифт. Онро кадом ниҳод медиҳад ва бар ивази чанд пул, мо дақиқ кардем.   “Чиптаи ҷангал” чист ва онро аз куҷо метавон гирифт? “Чиптаи ҷангал” ин иҷозатномае аст, ки барои истифода […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барои ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, гузоштани қуттӣ барои занбӯри асал дар ҷангал бояд маблағи муайян пардохт кард ва иҷозатнома ё “чиптаи ҷангал” гирифт. Онро кадом ниҳод медиҳад ва бар ивази чанд пул, мо дақиқ кардем.

 

“Чиптаи ҷангал” чист ва онро аз куҷо метавон гирифт?

“Чиптаи ҷангал” ин иҷозатномае аст, ки барои истифода аз захираҳои ҷангал дода мешавад. Онро Оҷонсии хоҷагии ҷангал ва муассисаҳои зертобеи он дар маҳал бар ивази пардохти маблағи муайян медиҳад. Дар асоси ин иҷозатнома метавон аз захираҳои ҷангал истифода кард.

Байни муроҷиаткунанда ва Оҷонсии хоҷагии ҷангал шартнома баста мешавад ва барои як мавсим “чиптаи ҷангал” пешниҳод мегардад. Ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам воқеӣ метавонад муроҷиат кунанд.

Ба иттилои Оҷонсии хоҷагии ҷангал, аввал захираҳои табии ҷангали ҳар як минтақа ҳисоб карда мешавад ва аз рӯи меъёри муайяннамуда ба шаҳрвандон иҷозати истифода аз захираҳои ҷангал дода мешавад.

 

 

Арзиши “чиптаи ҷангал” барои ҷамъоварии ҳезум чанд аст?

Бояд гуфт, ки ду шакли ҷамъварии ҳезум аст: аз “анбори болоӣ” ва аз “анбори поёнӣ”.

Истифода аз “анбори болоӣ” ин вақте худи шахс ба ҷамъоварии ҳезум машғул мешавад. Дар ин ҳол танҳо 40 дарсади “чиптаи ҷангал” пардохт мешавад. Яъне барои як метри мукааб ҳезум ё чӯб 156 сомонию 92 дирам пардохт бояд кард.

Истифода аз “анбори поёнӣ” ин вақте худи кормандони хоҷагии ҷангал дар вақти тоза кардани ҳудуди ҷангал дар анборҳои худ ҳезум ҷамъ карда онро дар якҷо захира мекунанд. Метавонед аз ин анбор ҳезуми тайёрро бидуни меҳнати иловагӣ харидорӣ кард. Нархи он барои як метри мукааб ҳезум 392 сомонию 29 дирам аст.

 

Оё метавон барои сохтмон аз ҳудуди ҷангал дарахт гирифт?

Бале, агар зерсохтори Оҷонсии хоҷагии ҷангал дар маҳалл дар анбори худ чунин навъи чӯпро дошта бошад. Барои мустақилона ҷамъоварӣ кардан ва ё буридани он иҷозат дода намешавад. Танҳо кормандони Оҷонсии хоҷагии ҷангал метавонанд дар ҳудуди ҷангал дарахтоне, ки аз ҳисоби селу шамол шикаста шудаанд ё беморӣ доранд, ҷамъ карда, дар анбор нигоҳ доранд, ки онро “чӯби корӣ” мегӯянд. Танҳо дар ин сурат метавон барои харидории “чӯби корӣ” муроҷиат кард. Нархи он аз 472 то 520 сомонӣ аст.

 

Оё метавон дар ҳудуди ҷангал чорво чаронд ё алаф даравид?

Бале, бо пардохти маблағи муайян. Маблағ барои даравидани алаф аз рӯи гектар ҳисоб карда мешавад. Барои даравидани алафи як гектар замин 25 сомонӣ бояд пардохт кард.

Чарондани чорво низ иҷозат дода мешавад. Ба як чӯпон 220 мол ҳисоб карда мешавад, ки дар як моҳ 235 сомонӣ месупорад. Агар шумораи мол 1000 бошад 4 чӯпон ҳисоб карда мешавад, ки маблағи он барои як моҳ тақрибан 940 сомонӣ аст.

 

Гузоштани қуттӣ барои занбӯри асал дар ҷангал чанд пул аст?

Барои гузоштани қуттӣ барои занбӯри асал бояд “чиптаи ҷангал” харид, ки дар он барои як мавсим ва минтақаи гузоштани қуттӣ дода мешавад. Маблағи он аз рӯи оилаи занбӯри асал, барои як оилаи занбӯри асал 5-10 сомонӣ барои як мавсим, ситонида мешавад. Агар ҷои қуттиҳо иваз карда шавад, маблағ низ аз нав пардохт карда мешавад.

 

Паёмади “чиптаи ҷангал” нагирифтан чӣ аст?

Дар ҳолати худсарона ва бидуни иҷозат ҷамъоварӣ намудани ҳезум, чарондани чорво ё ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои шифобахш ё занбӯрпарвӣ дар ҳудуди ҷангалҳо муҷозоти маъмурӣ ва ҷарима пешбинӣ шудааст.

Тибқи омори ироакардаи Оҷонсии хоҷагии ҷангал, дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар ҳудуди ҷангалҳои кишвар 710 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сабт шудааст. Аз ин 450 адад барои буридани дарахт, 120 адад барои чаронидани чорво, 35 адад барои ҷамъовари гиёҳҳои шифобахш будааст. Хисороти расонидашуда 647 ҳазор сомонӣ баҳогузорӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.