Роҳбарони се муассисаи фарҳангӣ нав шуданд. Кӣ чӣ вазифа гирифт?

Роҳбарони Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе ва Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон нав шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, тағйироти кадрӣ дирӯз сурат гирифтааст. Иззатулло Сафарзода, ки то имрӯз роҳбари Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе буд, директори Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таъйин шудааст. […]

Роҳбарони Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе ва Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон нав шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, тағйироти кадрӣ дирӯз сурат гирифтааст.

Иззатулло Сафарзода, ки то имрӯз роҳбари Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе буд, директори Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таъйин шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Сӯҳроб Мирзоев, роҳбари ҳамакнун пешини Театри ҷавонон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод ва ноиби раиси Конфедератсии байналмилалии театрҳо, ки қароргоҳаш дар Маскав аст, интихоб шудааст.

Наргис Розиқзода ба ҷойи Иззатулло Сафарзода директори Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе таъйин шудааст. Ӯ то ин лаҳза роҳбари Филармонияи кӯдаконаи шаҳри Душанбе буд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, Сӯҳроб Ҷанҷолов директори Филармонияи кӯдакона таъин шудааст. Ҷанҷолов то ин лаҳза дар Театри ҷавонон кор мекард.

Наргис Розиқзода, ки инак роҳбарии Театри лӯхтакро ба зимма дорад, беш аз 30 сол дар ин театр фаъолият доштааст.

Номбурда дастпарвари шуъбаи коргардонӣ ва актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, солҳо дар Театри лӯхтак ҳамчун роҳбари бадеӣ фаъолият кардааст.

Сӯҳроб Ҷанҷолов, ҳунарпеша ва коргардони тоҷик аз соли 1995, замони ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дохил шуданаш бо Театри давлатии ҷавонон ҳамкорӣ дошта, як муддат муовини роҳбари ин боргоҳи ҳунар низ буд. Ӯ дар намоишномаҳо нақш меофарид ва чанд намоишро ба саҳна низ гузоштааст.

Дар бораи корномаи Иззатулло Сафарзода ва Сӯҳроб Мирзоев маълумот дастрас нест.

Бояд гуфт, ки солҳо боз фарҳангиён ва ҳунармандони тоҷик аз он нигаронӣ доранд, ки театр дар кишвар мавриди таваҷҷӯҳ қарор намегирад. Аммо ҷомеаи маданӣ гила доранд, ки сатҳи намоишҳои театрӣ дар кишвар поён рафтаанд.

Ҳамчунин дар кишвар барои рушд додани соҳаи театр дар ду сол як маротиба озмуни “Парасту” доир мешавад. Аммо ба қавли доварон ва коргардонҳои тоҷик, “театри мо ҳадди ақал 60 сол аз театрҳои ҷаҳонӣ ақиб мондааст”.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ барои солҳои 2025-2029-ро қабул кардааст. Дар барнома зикр мешавад, ки давоми 5 соли минбаъда ҷиҳати рушди бахши театр дар кишвар беш аз 14 млн сомонӣ равона мегардад. Ҳунармандон умед доранд, ки барнома, агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад, шояд барои рушди соҳа мусоидат кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.