Мақомот сӯхтор дар варзишгоҳи нави Душанберо шарҳ доданд

Мақомот дар шарҳи оташсӯзӣ дар варзишгоҳи нави Душанбе гуфтанд, сӯхтор дар минтақаи ҷамъоварии қуттиҳои холии чӯбин, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоте, ки истифода шудаанд, рух додааст. Аммо сабаб ва масоҳати онро нагуфтанд. Ду манбаъ дар ҷойи ҳодиса ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор дар натиҷаи расидани шуълаи асбоби кафшергарӣ ба рӯйи тахтаҳое, ки барои пухтани хӯроки коргарон […]

Мақомот дар шарҳи оташсӯзӣ дар варзишгоҳи нави Душанбе гуфтанд, сӯхтор дар минтақаи ҷамъоварии қуттиҳои холии чӯбин, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоте, ки истифода шудаанд, рух додааст. Аммо сабаб ва масоҳати онро нагуфтанд.

Ду манбаъ дар ҷойи ҳодиса ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор дар натиҷаи расидани шуълаи асбоби кафшергарӣ ба рӯйи тахтаҳое, ки барои пухтани хӯроки коргарон ҷамъоварӣ гардида буданд, сар задааст.

Аз Сарраёсати Хадамоти оташнишонӣ дар пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки  сӯхтор тахминан соати 10:40 дақиқа рух дода, бо 10 нақлиёти оташнишон соати 11:20 пурра хомӯш карда шуд. 

Дар пайи сӯхтор, ба қавли мақомот, касе осеб надида, зарари молӣ ҳам сабт нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, нигаҳбони варзишгоҳ ҳам ба хабарнигори “Азия-Плюс” аз шуълаи асбоби кафшергарӣ оташ гирифтани тахтаҳои барои пухтани хӯроки коргарон ҷамъоваригардидаро тасдиқ кард.

Як бинокори варзишгоҳи нав гуфт, ки сӯхтор дар натиҷаи ба дохили деги равған афтодани шӯълаи асбоби кафшергарӣ рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ “кормандон барои хомӯш кардани оташ ба дег об рехтаанд, ки дар натиҷа оташ аланга гирифтааст”.

Бояд гуфт сӯхтор дар ошёнаи якуми варзишгоҳ сар зада то дуюм ошёна баромадааст.

 

Ёдовар мешавем, ки Варзишгоҳи нави Душанбе дар майдони 9,5 гектар барои 30 ҳазор тамошобин сохта мешавад. Масоҳати майдони футболи варзишгоҳ 105 ба 68 метр аст. Лоиҳа тавассути ширкати чинӣ дар доираи дастгирии лоиҳаҳои ФИФА амалӣ мешавад.

Сохтмони ин майдон ҳанӯз соли 2019 оғоз ёфта буд ва интизор мерафт, ки соли 2021, дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шавад. Вале дар ин вақти гуфташуда сохтмон ба анҷом нарасид. Сабаби дар вақти зарурӣ ба итмом нарасидани сохтмони варзишгоҳ номаълум аст.

Масъулин соли гузашта гуфтанд, варзишгоҳи нави шаҳри Душанбе соли 2026 дар ҷашни 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.