Вазорати меҳнат мегӯяд, омӯзгорон маош ва пули рухсатиашонро пурра гирифтанд

Asia-Plus

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар пайи нашри маводи “Азия-Плюс” дар робита ба шикояти бархе омӯзгорон ҷиҳати нагирифтани музди маош ва маблағи рухсатиашон, ки рӯзи 15-уми август таҳти унвони “Омӯзгорони баъзе шаҳру навоҳӣ шикоят доранд, ки то ҳол маош ва маблағи рухсатии худро пурра нагирифтаанд” нашр шуда буд, вокуниш кард.

Вазорат дар изҳороти худ навиштааст, баъди нашри мақола аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ санҷиш гузаронида шуда, муайян шудааст, ки музди меҳнат ва маблағи рухсатии тамоми кормандони соҳаи маориф ба ҳолати 18-уми августи соли 2025 пурра пардохт гардидааст.

Дар матлаби “Азия-Плюс”, ки бар пояи пурсиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия ва нашр гардида буд, шикояти бархе омӯзгорон аз навоҳии Шаҳритус, Носири Хусрав, Ваҳдат, Исфара ва Хуҷанд ҷиҳати нагирифтани маошу рухсатиашон дарҷ шуда буд.

Вазорат дар вокуниши худ таъкид кардааст, ки Хадамоти назорати давлатӣ дар навоҳии зикршуда санҷиш гузаронида, муайян кардааст, ки маблағ пурра пардохт шудааст.

“Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати пардохти маблағи музди меҳнат ва рухсатии меҳнатии кормандони соҳаи маориф дар Раёсати молияи ноҳияи Шаҳритус санҷиш гузаронида, муайян кард, ки ба санаи 12 августи соли 2025 музди меҳнат ва рухсатии меҳнатии кормандони соҳаи маорифи ноҳия, аз ҷумла МТМУ №44, бо дахолати кормандони Хадамот ба пуррагӣ пардохт шудааст”, – омадааст дар баёнияи вазорат.

Бояд гуфт, дар матлаби “Азия-Плюс” шикояти корбарон аз мактаби 44-и ноҳияи Шаҳритус ва мактаби рақами 9-и шаҳри Ваҳдат нашр шуда буд.

Вазорат дар изҳороти худ аз гузаронидани санҷиш дар ин навоҳӣ, аз ҷумла, мактабҳои 44-и Шаҳритусу 9-и Ваҳдат иттилоъ додааст.

Ҳамчунин хадамот маълум кардааст, ки дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳрҳои Хуҷанду Исфараи вилояти Суғд музди меҳнат ва рухсатии меҳнатии кормандон ба пуррагӣ пардохт шудааст.

Вазорат ба шаҳрвандон таъкид кардааст, ки дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳояшон аз ҷониби корфармо ва пардохт нашудани рухсатӣ ва музди меҳнат ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хаттӣ ё бо рақамҳои 231-49-19, 231-44-16 муроҷиат намоянд.

Ёдрас мешавем, ки қариб як моҳ пеш баъзе омӯзгорон аз нагирифтани музди меҳнат ва рухсатиашон ба “Азия-Плюс” шикоят карда буданд. Вазорати маорифи кишвар рӯзи 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ вуҷуди чунин мушкилро тасдиқ карда, гуфта буд, то охири моҳи июл музди меҳнати омӯзгорон пурра пардохт мешавад. Аммо бо гузашти муҳлат, ҳанӯз баъзе омӯзгорон шикоят доштанд.

Аз Вазорати маориф гуфта буданд, ки саривақт пардохт шудани музди меҳнати омӯзгорон аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва “пур шудани буҷаи онҳо вобастагӣ дорад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...