Омӯзгорони баъзе шаҳру навоҳӣ шикоят доранд, ки то ҳол маош ва маблағи рухсатии худро пурра нагирифтаанд

Вазорати маорифи кишвар рӯзи 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ шикояти бархе омӯзгоронро дар робита ба пардохт нашудани маош ва маблағи рухсатиашон тасдиқ карда, гуфта буд, то охири моҳи июл музди меҳнати омӯзгорон пурра пардохта шавад. Бо гузашти қариб ним моҳ ҳанӯз омӯзгорони баъзе шаҳру навоҳии кишвар аз нагирифтани музди меҳнат ва маблағи рухсатиашон шикоят мекунанд. […]

Вазорати маорифи кишвар рӯзи 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ шикояти бархе омӯзгоронро дар робита ба пардохт нашудани маош ва маблағи рухсатиашон тасдиқ карда, гуфта буд, то охири моҳи июл музди меҳнати омӯзгорон пурра пардохта шавад.

Бо гузашти қариб ним моҳ ҳанӯз омӯзгорони баъзе шаҳру навоҳии кишвар аз нагирифтани музди меҳнат ва маблағи рухсатиашон шикоят мекунанд.

Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф ва илм дар нишасти хабарӣ гуфта буд, рӯзи 27-уми июл дар ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини сарвазир вобаста ба ин масъала ҷаласа доир шуда, ба намояндагони ноҳияҳое, ки омӯзгорон то ҳол маоши худро нагирифтаанд, ҷиҳати пардохт супориши қатъӣ дода шудааст.

“Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсише гузаронида, кушиш намуд то куҷо бартараф шудани мушкилро маълум кунад.

Бо вуҷуди он ки қисми аксари сокинони кишвар дар шарҳҳо аз гирифтани музди меҳнат ва маблағи рухсатиашон навиштаанд, вале маълум гардид, ки ҳанӯз ин мушкил дар бархе мактабҳои шаҳру навоҳии кишвар ҷо дорад.

Аз ҷумла, омӯзгорон аз ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав, як қисмат аз шаҳру навоҳии Ваҳдат, Исфара ва Хуҷанд мегӯянд, то ҳол маошу рухсатии худро нагирифтаанд.

Аз ҷумла, корбаре аз ноҳияи Шаҳритус, ҷамоати деҳоти Обшорон, мактаби 44 навишт, то ҳол маош, пули рухсатӣ ва ҳатто маблағи сафар барои такмили ихтисосро пардохт накардаанд.

“То ҳол рухсатии моҳи июл ва августро нагирифтаем. Куҷо муроҷиат кунем? Ҳеҷ кас ба додамон намерасад” – навиштааст корбари дигаре аз мактаби рақами 9-и шаҳри Ваҳдат.

Ҳамчунин, бархе омӯзгорон аз кам пардохт шудани музди меҳнат ва пули рухсатиашон шикоят кардаанд.

“Музди маош ва рухсатиамонро то якуми август ним-ним гирифтем, аз як ноҳияи кӯҳистони дурдастем, 100 сомонӣ аз маош кам гирифтем, боз маблағи рухсатиам низ кам гузашт”, – навиштааст омӯзгоре.

 

Ин дар ҳолест, ки аз Сарраёсати вилояти Хатлон Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтаанд, то охири моҳи июли соли равон тамоми маблағҳои пешбинишуда ба омӯзгорон пардохт шудааст. 

"Маблағи умумии рухсатипулӣ дар вилоят 317 миллион сомониро ташкил дода, он то охири моҳи июл ба омӯзгорон расонида шуд", – гуфтаанд аз ин ниҳод. 

Дар ҳамин ҳол, омӯзгорони мактабҳои бархе навоҳии вилоят ҳанӯз аз нагирифтани пули рухсатӣ шикоят мекунанд.

 

Мақомот чӣ мегӯяд?

Аз Вазорати маориф ва илми кишвар дар робита ба ин мушкил ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ба унвони ин ниҳод вобаста ба пардохт нашудани маош ва пули рухсатии омӯзгорон шикояте ворид нашудааст.

Ба иттилои вазорат, саривақт пардохт шудани музди меҳнати омӯзгорон аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ вобастагӣ дорад.

Бадриддин Музаффарзода, дар нишасти матбуотӣ зикр карда буд, ки пардохти музди меҳнати омӯзгорон “аз пур шудани буҷаи шаҳру ноҳияҳо вобастагӣ дорад”.

Манбаъ афзуд, бо вуҷуди ин, агар омӯзгорон аз нагирифтани маошу рухсатиашон дар ин ё он навоҳии мушаххас шикоят кунанд, вазорат мушкилро пайгирӣ мекунад.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки омӯзгорон аз напардохтани маошашон нигаронӣ мекунанд. Қаблан низ борҳо аз дер пардохт шудани музди меҳнат шикоят карда буданд.

Дар бораи чӣ қадар маош гирифтани омӯзгорони мактабҳои миёна дар кишвар дар ин матлаб мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.