Дар Душанбе бо иштироки 5 ҳазор сарбоз гузашти низомӣ баргузор шуд

Субҳи имрӯз, 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ гузашти низомӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ширкат кардаанд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур дар гузашти низомӣ беш аз 5 ҳазор низомии “Қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ гузашти низомӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ширкат кардаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур дар гузашти низомӣ беш аз 5 ҳазор низомии “Қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони Артиши миллӣ ва ҳомиёни қонунияту тартибот” иштирок доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳам ҳаст, 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллиро табрик гуфтааст.

Раисҷумҳур зимни суханронӣ таъкид кардааст, ки Гвардияи миллӣ воҳиди махсуси дорои иқтидори баланд буда, дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад.

“Гвардияи миллӣ, ки мо онро ҳамчун рамзи давлатдории навини миллӣ ва бо дарназардошти нишонаҳои таърихи гузаштаи миллати тоҷик таъсис додем, ба як сохтори қудратманди ҳарбии таъиноти махсус табдил ёфтааст, ки ин дар навбати худ, яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии кишвар ва амнияти давлату ҷомеа мебошад”,- гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки Гвардияи миллӣ яке аз шохаҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар буда, моҳи январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамал бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шудааст. Мутобиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳар сол 3-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Гвардияи миллии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.