Ҳар кас масъули симкорти худ аст. Чӣ мешавад, агар он ба дасти каси дигар афтад?

Аллакай шаш сол аст, ки дар Тоҷикистон барои истифодаи симкорт (SIM-корт)-и як нафар, аз ҷониби шахси дигар ва содир кардани ҷиноят бо он, ҷазо таъин шудааст. Мо тасмим гирифтем хотиррасон намоем, ки бо кадом мақсад қоидаҳои нави истифодаи симкорт ҷорӣ карда шуданд, чаро онҳоро ба дигарон додан мумкин нест ва айни замон барои ин кор […]

Алина Валаматзода, Asia-Plus

Аллакай шаш сол аст, ки дар Тоҷикистон барои истифодаи симкорт (SIM-корт)-и як нафар, аз ҷониби шахси дигар ва содир кардани ҷиноят бо он, ҷазо таъин шудааст.

Мо тасмим гирифтем хотиррасон намоем, ки бо кадом мақсад қоидаҳои нави истифодаи симкорт ҷорӣ карда шуданд, чаро онҳоро ба дигарон додан мумкин нест ва айни замон барои ин кор чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин чиҳоро донистан муҳим аст, то ки ба доми ҷинояткорон наафтед, зеро онҳо метавонанд аз номи шумо ҷиноят содир кунанд.

 

Маҳз чӣ корҳоро кардан лозим нест?

Қоидаи истифодаи SIM-корт дар моддаи 341 (1) Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ сабт шудааст. Ҷазо барои вайрон кардани қоида дар ду ҳолат таҳдид мекунад:

– дар сурати ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт;

– дар сурати ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ва сипас боз онро ба каси дигар додан ё фурӯхтан ва бо истифодаи он содир шудани ҷиноят.

 

Маҳз кадом ҷиноятҳо?

Ин ҷо маъмулан сари ифротгароӣ (экстремизм) ва терроризм сухан меравад, аммо он метавонад ба ҳама гуна дигар ҷинояҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла аз қаллобӣ то одамкушӣ дахл дошта бошад.

Донистан муҳим аст, ки симкортро мувофиқи қонун харидорӣ кунед ва онро ба ҳеҷ кас надиҳед!

 

Чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст?

Албатта, агар шумо танҳо ба қоидаҳои пайваст кардани симкорт риоя накарда бошед, ҷазо ҳарчанд нисбатан сабуктар бошад ҳам, вале маблағи ҷаримааш зиёд аст – аз 43 ҳазор то 57 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол.

Аммо агар бо истифода аз ин симкорт ҷиноят содир шавад, пас маблағи ҷарима аллакай аз 57 ҳазор то 108 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол хоҳад буд.

 

Чӣ гуна симкортро қонунӣ харидан лозим аст?

Аввалан, аз як оператор на зиёдтар аз 2 симкорт харидан мумкин аст. Дуюм, симкортҳо бояд на бо шиносномаҳои коғазии кӯҳна, балки бо шиносномаи намунаи нав (ID-корт) ба қайд гирифта шаванд. Қобили зикр аст, ки то ҳозир аксари сокинон симкортҳои худро дубора бо шиносномаҳои намунаи нав ба қайд гирифтаанд.

Ҳамчунин хотирнишон мебояд кард, ки ноболиғон аз синни 16-солагӣ танҳо бо розигии хаттии волидон метавонанд симкорт харидорӣ кунанд. Кори симкортҳое, ки зиёда аз 6 моҳ истифода намешаванд, қатъ карда мешавад.

Ғайр аз ин, хариду фурӯши симкортҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва симкортҳои операторони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар манъ аст.

Дар назар дошта бошед, ки ҳангоми фурӯши симкортҳо операторони мобилӣ онро бояд наворбардорӣ (видео) кунанд.

 

Ҳамаи ин дар куҷо зикр шудааст?

Агар ба шумо санади мушаххаси ҳуқуқӣ лозим бошад, пас ба Қарори ҳукумат “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хидматрасониҳои вобаста ба он” назар андозед.

 

Чӣ корҳо бояд кард, то ки ба доми ҷинояткорон наафтед?

Комилан имкон дорад, ки шумо қонунҳоро риоя ва масъулият ҳис мекунед, аммо бинобар тасодуф ё фиреб ба ҳолати ногувор дучор шудед. Барои ҳимояи худ аз ҷалб ба нақшаҳои ҷиноӣ ва пешгирӣ аз ҷавобгарӣ барои амалҳои ғайриқонунии шахсони дигар, ин қоидаҳои эҳтиётиро риоя намоед:

Ҳеҷ гоҳ симкорти худро ба шахсони бегона надиҳед. Ин тарзи муҳимтарини канорагирӣ аз дучор шудан ба мушкилоти эҳтимолист. Симкорт ба номи шумо сабт шуда, барои ҳама амалҳое, ки бо он анҷом дода мешаванд, шумо масъул хоҳед буд.

Дастрасӣ ба кори симкорти гумшударо фавран қатъ кунед. Агар шумо телефон ё симкортатонро гум карда бошед, барои қатъи кори он фавран ба оператори мобилии худ муроҷиат кунед, то ки онро барои анҷом додани мақсадҳои ҷинояткорона истифода набаранд.

Ба номи дигарон симкорт сабт накунед. Бархе ба ивази сабти симкорт ба номи шумо метавонанд пул ё ягон хидмате пешниҳод кунанд. Аз ин кор худдорӣ намоед, зеро агар он бо мақсадҳои ҷиноятӣ истифода шавад, метавонад ба оқибатҳои хеле ҷиддии ногувор оварда расонад.

Ҳангоми фурӯши телефон ҳушёр бошед. Пеш аз фурӯш бовар ҳосил намоед, ки симкорт аз дохили дастгоҳи мобилиатон хориҷ шудааст (бароварда шудааст). Ҳамчунин  зимни харидорӣ ё фурӯши дастгоҳи техникӣ ҳамеша шарту уҳдадориҳоро мувофиқи шартнома бисанҷед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.