Савдо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс 4 баробар афзудааст

Ҳаҷми савдои дуҷониба байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс дар соли 2024 ба 3,3 млрд доллар расида, дар муқоиса бо соли 2020 -ум 4 баробар афзудааст. Дар ин бора Бонки авруосиёии рушд (БАОР) хабар медиҳад. Коршиносони Бонк зикр мекунанд, ки ҳудуди 80%-и гардиши молу маҳсулот ба воридоти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз кишварҳои Халиҷ рост меояд. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми савдои дуҷониба байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс дар соли 2024 ба 3,3 млрд доллар расида, дар муқоиса бо соли 2020 -ум 4 баробар афзудааст. Дар ин бора Бонки авруосиёии рушд (БАОР) хабар медиҳад.

Коршиносони Бонк зикр мекунанд, ки ҳудуди 80%-и гардиши молу маҳсулот ба воридоти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз кишварҳои Халиҷ рост меояд.

Бузургтарин шарик дар минтақа, Туркманистон дониста мешавад, ки ба ҳиссаи он 2 млрд доллар ё худ 61% аз ҳаҷми умумии додугирифт рост меояд. Дар идома Ӯзбекистон (740 млн доллар ё худ 23%) ва Қазоқистон (302 млн доллар ё худ 9%) қарор гирифтаанд.

Баландтарин суръати рушд дар Туркманистон (9,9 баробар), Қирғизистон (9,5 баробар) ва Ӯзбекистон (8,1 баробар) ба қайд гирифта шудааст.

Пешсафи мутлақ миёни кишварҳои Халиҷ Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) боқӣ мемонад, ки 97%-и савдо бо минтақаи Осиёи Марказиро таъмин мекунад.

Аҳамияти бештари савдо бо кишварҳои Халиҷ дар Турманистон ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 10% аз гардиши умумии молу маҳсулоти хориҷиро ташкил медиҳад.

Дар Қирғизистон ин нишондиҳада ба 1% расида, дар боқимонда кишварҳои минтақа – ба камтар аз 1% баробар аст.

Мутахассисони БАОР афзоши минбаъдаи савдоро пешгӯӣ мекунанд. Имконоте, ки истифода нашудааст, 4,9 млрд доллар арзёбӣ мешавад, ки 150% зиёдтар аз ҳаҷми кунунӣ аст. Аз ин миқдор 4,4 млрд доллар ба содироти имконпазир аз кишварҳои Халиҷ (автомобил, электроника, маснуоти заргарӣ) ва 500 млн доллар – ба содироти кишварҳои Осиёи Марказӣ (металлҳои қиматбаҳо ва ранга, маҳсулоти кишоварзӣ) рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар муқоиса бо соли 2020 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо кишварҳои Халиҷи Форс дар соли 2024 ба андозаи 4,7 баробар – аз 19,6 млн доллар қариб то 93 млн доллар зиёд шудааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон миёни кишварҳои Халиҷи Форс, АМА (ҳиссааш 93% дар соли 2020 ва 99% дар соли 2024) маҳсуб меёбад.

Қобили зикр аст, ки аз 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви БАОР мебошанд.

 

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Ба минтақаи Халиҷи Форс маъмулан 6 кишвари арабиро мансуб медонанд, ки ба ҳайати Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс шомиланд:

– Баҳрайн;

– Қатар;

– Кувейт;

– Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА);

– Уммон;

– Арабистони Саудӣ.

Баъзан ба ҳайати “кишварҳои Халиҷ” ба маънои васеъ Ироқро ҳам шомил медонанд, лекин дар омори расмӣ ва таҳлилҳо бештар маҳз 6 кишвар – аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар назар аст.

Аз лиҳози ҷуғрофӣ Эрон низ кишвари Халиҷи Форс шуморида мешавад, лекин онро маъмулан ба “минтақаи Халиҷ” бо сабабҳои асосии зерин мансуб намедонанд:

– ин кишвари арабӣ нест;

– муносибатҳои сиёсии Эрон ва кишварҳои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс давоми даҳсолаҳо шиддатнок боқӣ мемонанд (рақобат барои нуфузи минтақавӣ, низоъҳо дар Яман, Сурия ва Ироқ);

– шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс соли 1981 ба сифати иттиҳоди салтанатҳои арабӣ таъсис дода шуд, ки мехостанд пас аз инқилоби исломии соли 1979 сиёсати худро маҳз бар зидди Эрон ҳамоҳанг кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.