Имсол чорабинии ҷумҳуривӣ бахшида ба ҷашни Истиқлол бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб мегузарад

Имсол чорабинии асосӣ ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар вилоятҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки имсол ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ин шаҳр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имсол чорабинии асосӣ ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар вилоятҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки имсол ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ин шаҳр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар таҷлил мешавад. Барои сафари раисҷумҳур омодагӣ ҷараён дорад, аммо санаи дақиқи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб зикр нагардид.

 

Дар Душанбе кадом чорабинӣ, кай ва дар куҷо баргузор мешавад?

Аз раёсати фарҳанги шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки чорабинии асосии ҷашнӣ ба ифтихори Истиқлоли давлатӣ рӯзи 9-уми сентябр, соати 19:00, дар майдони “Истиқлол” баргузор мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯз бо ширкати сарояндагони маъруф ва ҳунармандон намоишномаи театришуда пешкаши иштирокдорони чорабинӣ мегардад.

Ҳамчунин, дар ноҳияҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ аз пагоҳ, 5-уми сентябр, оғоз шуда, то 8-уми сентябр идома меёбанд.

Аз ҷумла, чорабинии фарҳангии ноҳияи Фирдавсӣ пагоҳ соати 17:00 дар Боғи Фирдавсӣ баргузор мешавад.

Чорабинии фарҳангии ноҳияи Сино рӯзҳои 7-ум ва 8-уми сентябр соати 17:00 дар Боғи Умари Хайём мегузарад.

Пагоҳ, 5-уми сентябр соати 18:30 чорабинии фарҳангии ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ дар Амфитеатри Аҳорун барпо мешавад.

 

Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чорабинӣ рӯзи 6-уми сентябр дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (майдони 800 солагии Маскав) баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо сокинону меҳмони пойтахт метавонанд ба боғҳо ройгон ворид шуда, дар чорабинӣ иштирок кунанд.

Зимнан, дар рӯзҳои ҷашн дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ баргузории чорабиниҳои идонаи сайругашти оммавӣ, консерт ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст. 

 

Сокинони кишварчанд рӯз истироҳат мекунанд?

Имсол ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ, сокинони кишвар, ки реҷаи 5-рӯзаи корӣ дар ҳафта доранд, се рӯз пайиҳам – 7, 8 ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Имсол аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикитсон 34 сол пур мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.