“Офтоби маро куштанд”. Саргузашти Шамси Табрезӣ ва Мавлоно Балхӣ саҳнагузорӣ шуд

Дирӯз, 4-уми сентябр дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши “Шамсу Мавлоно” баргузор шуд. Он аз рӯи асари машҳури “Чил қонуни ишқ”-и Алиф Шафақ, нависандаи турк ва баъзе таърихномаҳои дигар таҳия шудааст. Муаллиф ва коргардони намоишнома Султон Усмонов, саркоргардони Театри Лоҳутӣ аст. Дар намоишнома нақши Шамси Табрезиро Абдукарим Машрабов, директори ин театр ва […]

Asia-Plus

Дирӯз, 4-уми сентябр дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши Шамсу Мавлоно баргузор шуд. Он аз рӯи асари машҳури “Чил қонуни ишқ”-и Алиф Шафақ, нависандаи турк ва баъзе таърихномаҳои дигар таҳия шудааст.

Муаллиф ва коргардони намоишнома Султон Усмонов, саркоргардони Театри Лоҳутӣ аст. Дар намоишнома нақши Шамси Табрезиро Абдукарим Машрабов, директори ин театр ва нақши Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро Шоҳмурод Аюбов, ҳунарманди ҷавони ин театр бозӣ карданд.

Намоиш бо хоби Мавлоно оғоз шуд – рамзи вохӯрии сарнавиштсози ӯ бо Шамси Табрезӣ. Сипас саҳнаи мулоқоти таърихии ин ду ориф ба намоиш гузошта шуд. Дар он Шамси Табрезӣ бо саволи маъруфаш “Пайғамбар Худоро беҳтар мешинохт ё Боязиди Бастомӣ?” Мавлоноро ба чолиш кашид, ки оғози як пайванди ногусастанӣ шуд.

Дар идома намоишнома ба таҳаввулоти рӯҳонии Мавлоно таҳти таъсири Шамси Табрезӣ тамаркуз кард.

Дар охир Шамси Табрезӣ ба таври мармуз ба қатл расид, нидои ҷонсӯзи Мавлоно баромад: “Офтоби маро куштанд…”. Намоишнома бо рақси самоъ (рақси дарвешӣ)-и Мавлоно ба анҷом расид.

Аз ҷанбаҳои мусбати намоишнома метавон ишора ба истифодаи шеърҳои Мавлоно кард, ки ба фазои саҳна маънии тоза мебахшид. Мусиқии ором дар аксари қисматҳои намоиш ба фазои мазҳабӣ мусоидат мекард. Саҳна бо парда ва шамъҳо ороиш дода шуда, ҳолати орому ирфониро ба вуҷуд овард. Қисмати ниҳоии намоиш – рақси самоъ (дарвешӣ) бо даф – фазои маънавии онро пурра кард ва ба тамошобинон таъсир гузошт.

Аммо дар намоиш баъзе нукоти суолбарангез низ буд. Коргардон бо дастикам 4 порчаи шеърӣ иктифо карда буд, дар ҳоле ки, ба қавли ҳунаршиносон, имкони истифодаи бештар аз ашъори Мавлоно, алахусус дар рақси самоъ, вуҷуд дошт. Инчунин, баъзе саҳнаҳои намоишнома ба ҳамдигар пайванди мустаҳкам надоштанд ва миёни онҳо фосила эҳсос мешуд. Аз ҷумла, тарки Мавлоно кардану ба Бағдод рафтани Шамси Табрезӣ ва дубора баргардонидани ӯ, инчунин издивоҷи Шамси Табрезӣ бо Кимиё (духтарандари Мавлоно) ишораҳое шуд, вале барои бинанда чандон равшан набуд.

Ба иттилои дастрас, коргардон ва ҳунармандони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ чанд сол боз мехостанд ин намоишро ба рӯйи саҳна оранд, вале бо сабабҳои гуногун саҳнагузории он лағв мешуд.

Намоиши “Шамсу Мавлоно” дар саҳнаи тоҷик нахустин асар дар бораи равобити Шамси Табрезӣ ва Мавлонои Балхӣ нест. Бори аввал коргардони маъруфи тоҷик Фаррух Қосим онро ба саҳна гузоштааст.

Баъдан соли 2007 аз ҷониби ҳунармандони Театр-студияи “Тавҳид” аз тарафи асосгузори ин дастаи ҳунарӣ – шоир, драматург ва коргардони тоҷик Нуриддин Ҷаронӣ намоишномае бо номи “Ҳидоят” ба саҳна гузошта шуда буд, ки муаллифи он худи Нуриддин Ҷаронӣ буд. Нахустнамоиши ин асар дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов доир гардид.

Театр-студияи “Тавҳид” аз ҷониби собиқ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммаддовуди Панҷшерӣ бо ин намоишнома ба Ҷашнвораи Мавлоно ба Афғонистон даъват гардид. Ин намоиш дар байни 24 намоиш бахшида ба Мавлоно ҷойи аввалро ишғол намуд ва ҳунармандони Театр-студия соҳиби ҷоиза шуданд.

Сипас ин намоишнома аз ҷониби коргардон Нуриддин Ҷаронӣ ва ёвари коргардон Гулчеҳра Наимова дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба муносибати ҷашни 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба саҳна гузошта шуд.

Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо номи Мавлоно маъруф аст, шоир, фақеҳ ва сӯфии форсу тоҷик аст. Ӯ дар Балх (Афғонистони имрӯза) таваллуд шуда, аксари умри худро дар Қунияи Туркия гузаронидааст.

Мавлоно яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти форс-тоҷик ва ҷаҳон ба шумор меравад. Осори ӯ, бахусус “Маснавии маънавӣ”, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мутолиа ва омӯхта мешавад.

Шамси Табрезӣ орифи дигари асри 13 аст, ки аз ҷавонӣ ба тасаввуф майл намуда, ҳини сайру сафар бо бузургону пешвоёни маънавии шаҳру кишварҳои атрофи Эрон вохӯрду бо таълимоташон ошно шуд.

Шамси Табрезӣ дар ҳаёти Мавлоно нақши калидӣ гузошт ва маҳз ӯ Мавлонои воъиз ва олими динро ба кӯйи орифӣ кашонд. Вақте Шамси Табрезӣ бо Мавлоно дар Қуния вохӯрд, ин дидор тамоми зиндагии Мавлоноро дигаргун сохт.

Ба зикри адабиётшиносон, Шамси Табрезӣ барои Мавлоно на танҳо як дӯст, балки устоди рӯҳонӣ буд. Ҳарфҳои ӯ Мавлоноро ба дунёи ишқ, шеър ва рақси дарвешӣ (самоъ) овард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ